Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале барои адабиёти нимаи аввали қарни 11 муҳити сиёсиву иҷтимоъӣ муҳим буда, бидуни назардошти сиёсати Ғазнавиён дарк кардани ҳаёти адабӣ душвор аст.
Аз ин рў ҳангоми даврабандии таърихи адабиёт ба назар гирифтани авомилу меъёрҳои гуногун зарур буда, нодида гирифтани баъзе аз он омилҳо натиҷаи матлуб намедиҳад. Тавре ки зикр шуд, И.С. Брагинский даврабандии таърихи адабиётро бар мабнии қарнҳо пешниҳод намуда, «даврабандии сулолавиро комилан кўҳнашуда» меҳисобад. Ҷои дигар боз ҳам қатъитар менависад: «ҳангоми даврабандии таърихиву адабӣ таъсири сулолаҳо наметавонад асли роҳнамо ва устувор бошад.» Ахиран донишманди тоҷик Абдунабӣ Сатторзода дар бобати даврабандии адабиёт аз нигоҳи равишшиносӣ баҳс намуда, аз ҷумла ду равиши маъмули даврабандиро дар тазкираҳои форсу тоҷик таъкид кардааст: «яке бар асоси мансубият ба хонадонҳои фармонраво ва дигаре ба асоси сабқати замон(хронологӣ).» Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ў баёни шарҳи ҳоли шоъиронро, ки аз лиҳози макон, минтақаҳои ҷуғрофӣ, табақа ё қишрҳои ҷомеъа, алифбоӣ дар тазкираҳо зиёд ба назар мерасад ва дар мақолаи ў ҳам ба онҳо ишораҳо шудааст, «даврабандӣ» намешуморад. Ў равишҳои гуногуни даврабандии таърихи адабиётро баррасӣ намуда, нуқсонҳои онҳоро ба қалам медиҳад ва дуруст таъкид мекунад, ки бояд «адабиётро ба сифати падидаи ҳунарии мустақил шинохт ва даврабандӣ кард.» Истифодаи равишҳои даврабандии дигарро ў «ба унвони равишҳои ёридиҳанда» тавсия менамояд. Вале агар ба раванди таърихи адабиёти форсу тоҷик амиқтар назар кунем, пай бурдан душвор нест, ки баъзан дар ташаккули падида- ҳои адабӣ сулолаҳои муайян низ нақши муассир бозидаанд. Масалан, тавре ки борҳо зикр шуд, раванди адабиёти нимаи авали қарни 11 ба сиёсати давлаати Ғазнавиён ва адабиёти қарни 16 Эрон ба сиёсати давлати Сафавиҳо иртиботи қавӣ доранд. Бесабаб нест, ки аксаран онҳоро «адабиёти аҳди Ғазнавиён» ва «адабиёти давраи Сафавиён» меноманд.
Адабиётшиносони тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Усмон Каримов, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ва амсоли онҳо асосан даврабандӣ бар мабнии қарнҳоро пазируфта, дар осори худ истифода намудаанд. Расул Ҳодизода ва ҳаммуаллифонаш дар китоби «Адабиёти тоҷик (асрҳои ХУ1 – Х1Х ва ибтидои асри ХХ)», ки дастури таълимие барои донишгоҳҳост, таърихи адабиётро аз рўи қарнҳо даврабандӣ карда, мавриди баррасӣ қарор додаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ