Равзанаи адаб

Ҳарчанд китоб бидуни муаддима буда, ба даврабандӣ ишора нашудааст, унвони бобҳои он ба ин далолат менамояд. Вале ахиран дар китоби «Таърихи адабиёти форсӣ», ки Расул Ҳодизода ва Алӣ Мухаммадии Хуросонӣ дар Кобул ба табъ расондаанд, Расул Ҳодизода дар муқаддимаи он дар ин бора менависад: «Даврабандии адабиёти қуруни 16 – 20-ро мо мутобиқ бо давраи салтанати хонадонҳои ҳукмрон қарор додем,зеро салтанати ҳар хонадон ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии давраи ҳокимияти он хонадон нақшу таъсири муайяне мегузошт.Чунончи тасаллути Русия дар Осиёи Миёна на танҳо ба муҳити адабии Туркистон, ки дар зери ҳукумати Русия буд, ҳатто дар ҳаёти адабии Бухоро, ки ба ном давлати мустақил маҳсуб мешуд, ҳам дар мазмун ва ҳам дар шаклҳои назму наср тағйироти боризе ворид намуд. Аз ин ҷост, ки давраҳои адабии аҳди ҳукмронии Шайбониён ва Аштархониён ва Манғитиён тафовутҳои муайян ва мушаххас доранд». Аз ановини бобҳои китоби мазкур бармеояд, ки муаллифон танҳо ба даврабандии «мутобиқи салтанати хонадонҳои ҳукмрон» иктифо накарда, равишҳои дигари даврабандиро низ истифода намудаанд: «Фасли аввал. Вазъияти адабии қарни 16 м.(Шайбониён)», «Фасли дувум.
Вазъияти адабии қарни 17 м.(Аштархониён), «Фасли савум.Вазъияти адабии қарни 18 ва нимаи авали арни 19 м.», «Фасли чаҳорум. Адабиёти маорифпарварии тоҷик (аз нимаи дувуми қарни 19 то Инқилоби Октябр)».
Тавре ки мебинем, дар китоби мазкур даврабандӣ бар асоси равишҳои гуногун сурат гирифтааст. Чунин даврабандиро эроншиносони чек низ мабнии асари дастҷамъии «Таърихи адабиёти форсу тоҷик» қарор додаанд, ки дар он даврабанди сулолавӣ бештар ба назар мерасад(Масалан, «Адабиёти аҳди Сомониён», «Давраи Ғазнавиён», «Давраи Салҷуқиён», «Давраи Темур ва ворисонаш», «Давраи Сафавиён» ва амсоли онҳо ).
Бинобар ин барои даврабандии таърихи адабиёт бояд қабл аз ҳама омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳар давраи адабиётро ба таври мушаххас таъйин кард. Ин омилҳо барои ҳар адабиёт ё давраҳои он метавонанд мутафовит бошанд. Дар ташаккули давраи муайяни адабиёт гоҳ забон, гоҳ муҳити сиёсиву иҷтимоъӣ ва гоҳ муҳити фарҳангӣ ё авомили дигар асосӣ ва ҳалкунанда мебошанд.
Ба ин тартиб ба назари мо дар даврабанди таърихи адабиёти Эрон ё форсу тоҷик истифода кардани равиши ҷомеъ ва ба эътибор гирифтани меъёру омилҳои гуногуне, ки дар ташаккулу рушди ҳаёти адабӣ асар гузоштаанд, зарур мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор