Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

4(И.С. Брагинский. О проблеме периодизации истории персидской и таджикской литератур. И.С. Брагинский. Из истории таджикской и персидской литератур, Москва, «Наука», 1972, с. 29) 5Дар ин бобат руҷуъ шавад: Мирзо Муллоаҳмад. Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…,Теҳрон, Амири Кабир, 1389, с. 11-18.

Шеъри мондагори Туғрали Аҳрорӣ

Дар осори адибони барҷаста асарҳои ҷудогонае ҳастанд,
ки муҳимтарин ҷанбаҳои ҳунари суханварии офарандаашро
таҷассум намуда, чун ойинаи тамомнамо олами ботинии ўро
бармало месозанд. «Бўйи Ҷўйи Мўлиён»-и устод Абўабдуллоҳи
Рўдакӣ, «Рустам ва Сўҳроб»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Бо корвони
ҳулла»- и Фаррухии Систонӣ, қитъаи «Банӣ одам аъзои
якдигаранд»-и Саъдии Шерозӣ, ғазали «Биё, то гул бараф шонему
май дар соғар андозем»-и Ҳофизи Шерозӣ, қитъаи «Ба дандон
рахна дар фўлод кардан»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Кохи ёдгор»-и
А.С. Пушкин, «Марги шоир»-и М.Ю. Лермонтов, «Васият»-и
Т.Г.Шевченко, «Марши ҳуррият»-и С. Айнӣ, «Савтҳои форсӣ»-и Сергей Есенин ва даҳҳо асари дигарро метавон ном бурд, ки офарандаи худро шўҳратёр кардаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ