Равзанаи адаб

Осори мазкур бозгўйи ҷаҳони ботинӣ, афкору омол, сабку салиқа ва ҳатто хислатҳои фардиву шахсияти офаридгори он мебошанд. Ба иборати дигар асари зубдаи ҳар офаридгор ба мисли ойинаест, ки ҳастии ботинии соҳибашро бозтоб менамояд. Муноҷоти «Сипеҳри бемурувват»-и Туғрал низ аз ҳамин зумраи осор буда, аз беҳтарин сурудаҳои шоир маҳсуб мешавад.
Муноҷот навъи адабиест, ки дар адабиёти тоҷику форс ва Шарқ таъриху суннатҳои қадимӣ дошта, асосан ситоиши Худовандро дар бар мегирад. Адиб ба Худованд муроҷиат намуда, эҳсосот ва самимияту садоқати худро иброз менамояд.
Муҳаққиқон пайдоиши ин навъи адабиро дар адабиёти тоҷику форс дар асри Х дониста, шеъри «Ё раб, биофаридӣ рўе бад-ин мисол»-ро аввалин намунаи он ба қалам медиҳанд. Вале ба назари мо ин навъи адабӣ таърихи қадимтар дошта, осори шабеҳи онро метавон дар ёдгориҳои адабии даврони қадим, аз ҷумла «Авесто»
мушоҳада кард.
Сурудани муноҷот махсусан, дар адабиёти тасаввуфӣ хеле густариш пайдо кард ва Саноиву Аттор, Ҷалолиддини Балхиву Фахриддини Ироқӣ, Хоқониву Саъдӣ ва амсоли онҳо намунаҳои беҳтарини ин навъи адабиро офаридаанд. Дар ривоҷи муноҷот ба хусус ориф ва шоири маъруф Абўсаиди Абулхайр кўшиши зиёд ба харҷ дода, ҳам ба назм ва ҳам ба наср осори ҷолиб офаридааст. Аз ҷумла дар муноҷоти зайли ў санъати саҷъ хеле моҳирона корбаст шудааст:
«Илоҳо! Ба ту ошно шудам, аз халқ ҷудо шудам, дар ду ҷаҳон шайдо шудам, ниҳон будам, пайдо шудам. На аз ту мо ҳаёти ҷовидон мехоҳем, на камоли дилу роҳати ҷон мехоҳем:
Ё раб, зи шароби ишқ сармастам кун,
Дар ишқи худат нест куну ҳастам кун.
Аз ҳар чи зи ишқ ҳаст, тиҳидастам к
Якбора ба банди ишқ побастам кун!»
Нақибхон Туғрал , ки дар давраи аввали эҷодиёташ ба сабкҳои хуросониву ироқӣ пайравӣ мекард, ба муноҷотнависӣ низ пардохтааст. Дар девони ашъори шоир чанд шеър ба назар мерасад, ки ҷавобгўи талаботи муноҷот мебошанд. Аз ҷумла шеъре, ки дар шакли тарҷе ъбанд навишта шудааст, бо ситоиши Худованд шурўъ шуда, тавсифи сифатҳои волои Ўро дар бар мегирад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор