Равзанаи адаб

Эй на азал гашта туро ибтидо В-эй на абад зоти туро мунтаҳо.
Эй барӣ аз хонаву фарзанду ҷо Будиву ҳастӣ, напазирӣ фано.
Нест касе воқифи асрори ту, Ҷуз ту надонад дигаре кори
Дар 10 банди дигари шеър бузургии Худованд, кариму ҳалим, холиқи якто будани Ў таъкид мешавад. Танҳо дар се банди охири шеър оҳанги заифи шикоят ба гўш мерасад. Шоир аз нобаробарии иҷтимоӣ шикоят намуда, бо вуҷуди он эътироз намекунад ва ризояти худро изҳор медорад:
Кардӣ якеро ба ҷаҳон арҷманд В-он дигаре бекасу ҳам мустаманд Аз ту бувад ин ҳама пасту баланд, Тобеи фармону ризои туанд.
Нест дигар чора ба ға йр аз ризо, Ғайри ризо чора надорад қазо.
Ба назари мо муноҷоти мазкур дар давраи аввали эҷодиёти шоир навишта шудааст, зеро дар он суннати муноҷотнависӣ комилан риоя шудааст.
Муқаддимаи маснавии «Тасдиқот» ва «Қасидаи бузургон»
низ аз муноҷоту наът иборат аст. Шоир дар маснавии «Тасдиқот»
суханро аз ситоиши «Худованди аҳад» шурўъ намуда, сипас ба васфи Паёмбару ёронаш мепардозад:
Ба саҳбои хумхонаи кибриё
Ба кайфияти ҷоми ваҳдатнамо, Ба асрори зоти Худои аҳад
Ба осори васфи сифоти самад Ба саббобаи ў, ки маҳ шуд ду ним Ба ҷои Муҳаммад ба доли ду мим, Ба сидқи Абўбакру ҳоли Умар, Ба Усмон, ки нахлаш ҳаё дода бар, Ба шоҳи шуҷоат ҳужабри Алӣ, Ба асҳоб, бо хонадони валӣ...
Дар муқаддимаи «Қасидаи бузургон» низ шоир пас аз баёни ҳоли худ ба таври хеле мухтасар Парвардигорро ситоиш мекунад:
Хонаи ҳастӣ, ки асосаш фаност, Бому дараш ҷумла ба дўши ҳавост.
Баски зи баҳри ту шудам ҳамчу най, Нолаи ҳар банд зи бандам ҷудост.
Нест касе додраси ҳоли ман,
Ҳамдами шабҳои фироқам Худост…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор