Равзанаи адаб

Ин қасида низ маҳсули давраи аввали эҷодиёти Туғрал аст, зеро ба амир Насрулло бахшида шуда, дар он дилбастагии шоир ба сабки ҳиндӣ эҳсос намешавад. Баръакс ў ба шоирони сабки ҳиндӣ, амсоли Соиб, Шавкати Бухороӣ, Носиралӣ, Урфӣ, Нозим, Толиби Омулӣ назари манфӣ дорад ва суханҳои ононро пучу бемаънӣ ва беамал мешуморад.
Ниҳоят, муноҷоти машҳури Нақибхони Туғрал ғазали «Сипеҳри бемурувват» мебошад, ки қуллаи баланди осори шоир буда, давраи аввали эҷоди ўро ҷамъбаст менамояд. Зеро ин шеър ҳарчанд дар назари аввал ба муноҷоти анъанавӣ монанд аст, вале дар он шикастани суннати муноҷотнависӣ мушоҳида мешавад.
Тавре ки зикр шуд, муноҷот асарест, ки хитобан ба Худованд суруда шуда, ситоиши Ўро дар бар мегирад. Вале Туғрал ба ҷои Худованд, Раб, Эзид ба фалак, чарх, сипеҳр, гардун, фалак, Ноҳид муроҷиат мекунад:
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?
Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ.
Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам,
Зери пои бешуурон поймолам кардаӣ!...
Дар муноҷоти суннатӣ одатан сифатҳои Парвардигор баён мегардид. Вале , тавре ки мебинем, Туғрал ба ҷои ситоиш аз оғоз лаб ба шикоят мекушояд ва он шикоят тадриҷан ба эътироз табдил меёбад, ки ин хоси муноҷот нест:
Аз чӣ рў, эй чарх, -чун ман эътиборат дун бод!- Қуръаи беэътибориҳо ба фолам кардаӣ?!
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун, Аз чӣ дар рўзи азал қисмат камолам кардаӣ?!
Эй сипеҳри бемурувват, ин кадомин шева аст?!
Нола месозам зи дастат, то чу нолам кардаӣ?!
Дар муноҷоти Туғрал эътирози шахсии шоир ҷанбаи иҷтимоӣ
касб намудааст. Дар назари аввал шикояту эътирози шоир
инфиродиву шахсӣ менамояд. Гўё ў аз вазъи ногувори худ,
бенэътиноиву таҳқиҳои дидааш шикоят мекнад. Вале агар ба
шикояту эътирози ў ба тааммуқ нигарем , пай бурдан душвор нест,
ки онҳо аз доираи шахсияти ў хориҷ шуда, ҷанбаи умумиву
иҷтимоӣ касб кардаанд. Масалан, дар байти 2 зери пои бешуурон
поймол гаштанашро таъкид кардааст , ки ин ишораи сареҳ аст ба
ба вазъи иҷтимоии давр, ки аксари мансабдорону зимомдорон
ашхоси нолоиқу бешуур буданд. Ё худ дар байти 7 ба бедонишиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор