Равзанаи адаб

бефарҳангии атрофиёнаш ишора мекунад, ки ин ҳам асоси иҷтимоӣ дошта, баёнгари вазъи ногувори замон аст:
Ҳамдамонам нокасону ғулу аз дониш тиҳӣ, Сўҳбати донишварон амри муҳолам кардаӣ.
Дар ғазал шоир аз ҷавру бедоди замон шикоят мекунад. Дар он садои дили ранҷури шахси эҷодкор эҳсос мешавад. Дарвоқеъ ин ғазал муноҷоти шоир ба фалаки каҷрафтор буд, ки аз ҳоли ногувору беэътибориаш ҳикоят мекард. Носипосиву қадрношиносии аҳли ҳунар боиси маҳзуниву ғами бекарони шоири назарбаланд гаштааст. Дар ин ғазал на танҳо ғаму ғуссаи ҳунарманди эҷодкор, балки эътирози ў низ таҷассум ёфтааст. Дар ҳамаи давру замонҳо рўзгори аҳли илму адаб ва ҳунару фарҳанг ҳамвор набуда, онҳо сахтиву ранҷҳои зиёд дидаанд. Ба аҳли эҷод гоҳ шодиву хуррамӣ, гоҳ хориву зорӣ, гоҳ роҳату фароғат ва гоҳ азобу машаққат насиб мешуд, вале онҳо дар ҳама ҳолат рисолати аслии худро, ки хидмат ба мардум ва ҳунар аст, адо намудаанд.
Туғрал дар ин ғазал дарди дили онҳоро ба қалам додааст.
Қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар ин муноҷот Туғрал танҳо бо шикоят ва тасвири вазъи ногувораш қаноат накарда, лаб ба эътироз мекушояд ва бо ҷасорат хитоб мекунад:
Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,
Аз чӣ дар рўзи азал қисмат камолам кардаӣ!
Садои шиква ва эътирози шоир дар шеър хеле моҳирона ва табиӣ ифода ёфтааст. Андешаҳои шиквоиву эътиозомези ў бо эҳсоси ғамангезаш омезиш ёфта, баёни ўро таъсирбахш кардаанд.
Ин тарзи баёни муассири муноҷоти Туғрал рубоии машҳури Умари Хайём ва шеъри мансуб ба Носири Хусравро ба ёд меорад.
Хайём низ дар хитоби худ ба Худованд чунин эътироз мекунад:
Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?!
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам ?!
Оҳанги шикваву эътироз дар қасидаи «Фироқнорма»-и Туғрал низ, ки дар ҷавоби «Фироқнома»-и ҳаким Анварӣ ва Хоҷуи Кирмонӣ навишта шудааст, садо медиҳад. Он қасида низ бо шикоят оғоз меёбад ва ба муноҷоти мазкур ҳамоҳангӣ дорад:
Фиғон зи гардиши чархи ситамгари ғаддор, Ҳазор марҳала дурам фиканд аз дилдор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор