Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипеҳри каҷрави пурфан маро ба пеш овард
Чӣ ҳолате, ки на ҳадди сукун, на сабру қарор.

Муноҷоти «Сипеҳри бемурувват»-и Туғрал аз лиҳози сохтору бандубаст, истифодаи санъатҳои бадеӣ, нағмаи ҳуруф, корбурди овозҳо ва амсоли инҳо низ хеле ҷолиб мебошад.
Муноҷот дар воқеъ на танҳо бо мазмуну мундариҷа, балки бо сохтори худ низ аз ғазалҳои дигар тафовут дорад. Тавре ки маълум аст, дар ғазали суннатӣ одатан ҳар байт мустақилият касб карда, бо байтҳои дигар робитаи қавӣ надорад ва ҳар байт метавонад мазмун ва ҳатто мавзўи хос дошта бошад. Вале Туғрал дар ғазали муноҷоташ ин суннатро шикаста, кулли байтҳои шеърро дар як мавзўъу мазмун ва оҳанг сурудааст. Оҳанги шикваву эътироз чун хати сурх ҳамаи байтҳоро ба ҳам мепайвандад ва шеър бо як оҳангу мазмун танинандоз мегардад.
Танҳо дар байти охир аст, ки оҳанги ҳузн ба рўҳбаландиву боландагӣ ва ғуруру фахри ба ў хос табдил меёбад ва дар дили хонанда шўълаи умеду бовариро меафрўзад:

Дар ҳавои мўшикофӣ Туғралам пар мезанад,
То ту, эй гардун, маро дур аз висолам кардаӣ

Дар байти авали ғазал ташбеҳи қади рост ба алиф ва қомати хамида ба дол на танҳо зоҳиран вазъи ногувори қаҳрамони лирикиро ба таври барҷаставу равшан нишон медиҳад, балки бо вожаи «дод», ки дар мисраи аввал омадааст, ҳамоҳангиву таносуб дорад Тавсифҳои гардуни дун, сипеҳри бемурувват, нокасони ғул, таъбирҳои халқии «санги маломат ба сар задан», «зери по», «поймол кардан» ҷанбаи воқеии шеърро қавӣ карда, таъсирнокии онро афзудаанд.
Дар шеър на танҳо вожаву таъбир, калимаву иборот, балки ҳар овоз низ бори эҳсосу андешаро мекашанд ва барои баёни маънӣ мусоидат мекунанд. Агар дар байти аввал овози о 6 бор ва а, ки шакли кутоҳи он аст, 14 маротиба зикр шуда, ифодаи дарду оҳро қавӣ карда бошанд, дар байти дувум овози р 6 бор такрор шуда, эҳсоси тазъиқу фишорро бозтоб менамояд.
Радифи «кардаӣ» низ ба шеър қатъият бахшида, оҳанги шикояту эътирозро тақвият медиҳад.
Тавре ки мебинем, Туғрал баробари пайравӣ ба муноҷоти шоирони пешин ба ин навъи адабӣ навиҳо ворид намуда, онро аз шеъри ситоишӣ ба шеъри эътирозӣ табдил додааст. Тамоми аҷзои шеър аз овозҳои ҷудогона то ибораҳову радиф барои баёни эътирозу дарди иҷтимоӣ хидмат кардаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ