Равзанаи адаб

Ин ҷанбаҳои шеърро устод Ҷўрабек Муродов бо камоли маҳорат дар суруди худ таҷассум кардааст, ки дар ин бора дар мақолаи дигари худ сухан рондаем.
Муноҷоти «Сипеҳри бемурувват» шеърест, ки давраи аввали эҷодиёти Туғралро ҷамъбаст намуда, аз камолоти ҳунари суханварии ў шаҳодат медиҳад. Мутаассифона, Нақибхони Туғрал бо сабабҳое, ки устод С.Айнӣ мунсифона баён кардааст, дар давраи дувуми эҷодиёташ аз сабки пеш гирифтааш рўй тофт ва побанди талиди ҳазрати Бедил гардид,ки ин боиси таназзули эҷодии ў шуд. Дарвоқеъ агар Туғрал ҳамон сабку шеваи баёни муноҷотро идома медод, аз шоирони тирози аввали адабиёти форсизабон мегардид. Муноҷоти «Сипеҳри бемурувват» бешубҳа метавон аз шоҳкорҳои шоир ва аз беҳтарин шеърҳои адабиёти охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ донист.
Муноҷоти «Сипеҳри бемурувват» дар осори боқимондаи Туғрал қуллаест, ки аз дидгоҳи он метавон раванди эҷодии ўро мушоҳида намуд. Ин асар дар воқеъ таҷассуми олами ботинии шоири шўрида буда, аз истеъдоду маҳорати баланди суханварии офарандааш гувоҳӣ медиҳад.
МИРЗО МУЛЛОАҲМАД
ШАРҚИ ХОРИҶӢ АЗ НИГОҲИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА
Устод Мирзо Турсунзода аз бузургтарин шоирони қарни ХХ тоҷик аст, ки суннатҳои ғаниву рангини осори Рўдакиву Фирдавсӣ, Низомиву Саъдӣ, Камолу Хофиз, Ҷомиву Бедил ва амсоли онҳоро бо андешаву эҳсосоти баланди худ идома ва такмил дода, дар бўстони назми оламшумули форсизабон дарахти тозаи пурсамаре ба вуҷуд овард. Ному осори ў на танҳо дар ватанаш, балки берун аз он дар кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб паҳн гардида, шўҳрати ҷаҳонӣ касб намуд, Аз ин ҷост, ки созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО таҷлили 100-умин солгарди зодрўзи ўро дар сатҳи ҷаҳон эълон намудааст.
Мирзо Турсунзода 2 моҳи майи соли 1911 дар рустои зебоманзари Қаротоғ, ки дар водии зарнисори Ҳисори Тоҷикистон воқеъ аст, ба дунё омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор