Равзанаи адаб

Намунаи ғайриодилонаи тақсими мерос дар шеъри машҳури «Тақсими мерос»-и мансуб ба Мушфиқӣ мавриди ҳаҷву мазаммат қарор гирифтааст:
Ҳамшира! Харҷи мотами бобо аз они ту,
Сабр аз ману масорифи қурро аз они ту.
Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман
В-он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.
Ин ҷомахобу бистару болин аз они ман,
Бетоқатию нолаи шабҳо аз они ту…
Аз рўи хона то ба лаби бом аз они ман,
Аз рўи бом то ба сурайё аз они ту.
Рафтан ба сўи қабру нишастан аз они ман,
Даструхони чалпаку ҳалво аз они ту.
Муҳаммад Хоразмӣ низ зарурати ҳалли одилонаи ин масъаларо ба назар гирифта, қисмати амалии рисолаи «Ҷабр ва муқобала»-ро бештар ба ин мавзўъ бахшидааст. Муаллиф мисолҳои фаровонеро аз зиндагӣ нақл намуда, усули дурусти тақсими меросро дар ҳолатҳои гуногун ба таври дақиқ нишон додааст. Ҳарчанд Хоразмӣ дар ин масъала аз қоидаву қонунҳои шариат берун намебарояд, вале дар мисолҳои овардаи ў занон низ дорои ҳуқуқи муайян мебошанд.Ў на танҳо ҳиссаи занону духтаронро дар тақсими мерос таъкид мекунад, балки мисолҳоеро меорад, ки зан пеш аз вафоташ мувофиқи салоҳдиди худ васият мекунад. Аз ҷумла мисоли зеринро аз назар гузаронем: «Зане даргузашт. Ворисони ў ду духтар ва модару шавҳараш буданд ва низ васият кард то ба марде ба андозаи саҳми модараш ва ба марди дигар як нуҳум аз тамоми сарваташро бидиҳанд. Роҳи ҳалли он чунин аст»…
Аз ин қабил мисолҳо, ки дар рисола хеле зиёданд, маълум мегардад, ки Хоразмӣ, мақоми занро ҳамчун инсони мустақил эҳтиром намуда, ҳатто ҳуқуқи занро ба васият кардани мерос ба марди дигар таъкид кардааст.
Аксари мисолҳое, ки Хоразмӣ зикр кардааст, аз ҳаёти рўзмарра гирифта шуда, ба кору фаъолияти мардуми оддӣ (аз қабили хариди ҷаву гандум) алоқаманданд. Бобҳои махсуси «Ҷабру муқобала» бошад ба масъалаҳои амалии рўзгор амсоли хариду фурўш, ивазу иҷора ва муомилоти дигар бахшида шудаанд.
Ҳамаи ин аз як тараф аҳамияти амалии асарҳои Муҳаммад Хоразмиро нишон диҳад, аз тарафи дигар симои ўро чун шахси накўкору инсондўст, ки мехоҳад бо ҳар роҳ мушкилоти мардумро осон намояд ва раҳнамову мушкилкушои мардум бошад, ҷилвагар месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор