Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои Хоразмӣ барин донишманди инсонпарвар ихтилофу тамизи дину мазҳаб, ирқу нажод, миллату забон тамоман бегона буд. Ў ҳамчун инсони пешқадами давр барои касби камолу дониш аз ганҷинаи илму фарҳанги халқҳои гуногун баҳравар мешуд ва аз дастовардҳои муҳимми илмии донишмандони Риму Юнони қадим, Ҳинду Бобулистон, Мисру Хитой ва дигар кишварҳои олам огоҳии комил дошт. Дар рисолаҳои худи ў ба асарҳои Аристотел, Евклид, Птолемей истиснод мекунад, андешаву фарзияҳои ононро тавзеҳу такмил медиҳад ва аз «донишмандони миллатҳои пешин» ҳамеша бо эҳтиром ёдовар мешавад.
Дар бароари ин меҳру муҳаббати беандозаи ватандўсти ҳақиқӣ Муҳаммад Хоразмӣ ба зодгоҳи азизи худ Хоразм, таъриху маданияти бостонии он, ба ҳамватанони шўҳратмандаш аз асарҳои боқимондаи ў ҳам эҳсос мешавад. Вале, мутаассифона, дар бобати аслу насаби ин донишманди бузург баҳсу талошҳои беасос мавҷуданд ва чунон ки Г. П. Матвиевская қайд мекунад, «дар адабиёти ҷаҳонӣ дар бораи баромади миллии ал-Хоразмӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф ва баъзан тамоман бемаънӣ мавҷуданд» Шарқшинос М. Сале ба таври ҳаққонӣ ақидаи ховаршиносони буржуазии Ғарбро дар хусуси маданияти араб шуморидани тамоми дастовардҳои мадании халқҳои истилошуда ба зери тозиёнаи танқид гирифта дуруст таъкид мекунад, ки «аз Хоразмӣ миллати ўро гирифта шарқшиносони буржуазӣ… симои олими бузургро пардапўш намуда, ба зери соя гирифтанд». Вале муаллифи рисола дар ақидаи худ то охир устувор намонда, ҳарчанд араб будани Хоразмро дуруст рад мекунад, вале худ ба иштибоҳи дигаре роҳ дода, ўро «фарзанди шўҳратманди халқи ўзбек» мешуморад. М.
Сале ҳамчунин ба забони модарии худ содиқу вафодор будани Хоразмиро таъкид намуда менависад: «Забони Хоразм ҳам барои ў ҳамеша забони модарӣ монд. Дар Бағдод, маркази хилофат зиста, Хоразмӣ шеваи падарони худро фаромўш накард ва ҳатто дар забон «араб» нашуд». Вале муаллиф дар хусуси «забони Хоразм»
хомўш мемонад. Чунон ки тадқиқотчии маъруфи ёдгориҳои забони хоразмӣ А.А. Фрейман ба субут расонидааст ва дар «Энсиклопедияи советии ўзбек» ҳам қайд шудааст, забони хоразмӣ, ки унсурҳои он то асри 12 мавҷуд будааст, аз забонҳои шохаи шарқии эронӣ буда, ба забони суғдӣ наздикӣ доштаааст. Мутаассифона, ин иштибоҳи М. Сале на танҳо сари вақт ислоҳ ва тасҳеҳ нагардид, балки дар асарҳои баъзе олимони дигари Ўзбекистон тақвият ёфт. Файласуфи ўзбек О. Файзуллоев низ бе ҳеҷ қайду шарте маҳз дар Хоразм таваллуд шудани донишмандро ба асос гирифта таъкид мекунад: «Абу Абдулло Муҳаммад ибни Мўсо дар Хоразм таваллуд шуда, фарзанди номии халқи ўзбек мебошад» Ҳамин тавр ин иштибоҳ аз як асар ба асари дигар мегузарад.

пешина
аз 625
навбатӣ