Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷумла дар китоби илмӣ-оммавии «Ҳикояҳо доир ба математикҳо», ки дар Минск чандин бор бо адади зиёд интишор ёфтааст, Хоразмӣ ҳамчун «алгебрашиноси маъруфи ўзбек»
муаррифӣ шудааст.
Сабаби асосии ба чунин иштибоҳ роҳ додани муҳаққиқон ба назар нагирифтани принсипи таърихият, ба ҳодисаҳои таърихӣ аз рўи ҳолату тақсимоти маъмурии имрўза баҳо додан ва эҳсоси дурўғини «ватандўстии» онҳост. Ҳоло аз тафсили ин масъала, ки аён аст, худдорӣ намуда, танҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки дар сарчашмаҳои боқимонда ба турк будани Хоразмӣ ишорае нарафтааст (Одатан муаллифони сарчашмаҳо ба турк будани шахсони таърихӣ ишора менамоянд). Тадқиқоти донишмандони маъруф Н.И. Веселовский, В.В. Бартолд. И.Ю. Крачковский, С.П.
Толстов гувоҳӣ медиҳад, ки дар асрҳои 8-9 сокинони Хоразм асосан мардуми эронинажод буданд. Абўрайҳони Берунӣ ҳам аҳли Хоразмро «шохае аз форсиён» шуморида, умумияти забон, одату русум, мазҳабу оин ва умуман маданияти хоразмиёну суғдиён ва дигар мардумони эронинажодро таъкид кардааст. Академик В.В.
Бартолд дар асоси маълумоти сарчашмаҳо вуруди туркҳоро ба Хоразм ва турконида шудани ин кишварро ба асрҳои 12-13 мансуб медонад. Хоразмшиноси маъруфи рус профессор Н.И. Веселовский «мустаҳкамшавии ўзбекҳоро дар Хоразм аз асри 16 дониста, таърихи нави Хоразмро ҳам аз ҳамин давра шурўъ мекунад».
Бинобар ин ҳақ ба ҷониби академикҳо В.В. Бартолд, И.Ю.
Крачковский. Б.Ғафуров, муҳаққиқони маъруфи таърихи илм П.Г.Булгаков, Г.П. Матвиевская, муаллифи мақолаи «Хоразмӣ»
дар «Энциклопедияи советии ўзбек» ва амсоли инҳост, ки «баромади хоразмии» донишманди бузург Муҳаммад Хоразмиро таъкид кардаанд. Фақат ҳаминро ҳам бояд дар назар дошт, ки Хоразмии асри 9, на асри 20. Вагарна ба таҳрифи ҳақиқати таърихӣ ва иштибоҳҳо роҳ додан мумкин аст. Таърих бошад ҳеҷ гуна таҳрифро намебардорад…
Муҳаммад Хоразмӣ на танҳо донишманди бузург, балки аз ташкилотчиёну созмондеҳони барҷастаи илм буда, андешаҳои ў дар хусуси моҳияти илм низ қобили таваҷҷўҳанд.
Мулоҳизаҳои Муҳаммад Хоразмӣ доир ба одобу илму олим ва гурўҳбандии донишмандон саршори эҳсоси баланди гуманистӣ буда, имрўз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Ў дар муқаддимаи рисолаи «Ҷабр ва муқобала» аҳли илмро ба се гурўҳ

пешина
аз 625
навбатӣ