Равзанаи адаб

тақсим намуда, дар байни онҳо имтиёзе намегузорад ва хидмату моҳияти ҳар гурўҳро дар илм ва расонидани манфиат ба мардум нишон медиҳад:
«Донишӣ, – менависад Хоразмӣ, – се гуна аст.
Ё донишӣ мардест, ки барои аввалин бор донишеро ибдоъ ё кашф мекунад ва барои ояндагон ба ёдгор мегузорад. Ё донишмандест, ки осори пешиниёнро шарҳу тафсир мекунад ва матолиби муҳими печидаи китоберо равшан месозад, барои баёни матлаб роҳи соддатаре нишон медиҳад ва натиҷагириро осон мекунад. Ё хирадмандест, ки дар баъзе аз китобҳо ба нодурустӣ ва ошуфтагӣ бармехўрад, пас нодурустиро ислоҳ мекунад ва ошуфтагиҳоро сомон мебахшад, бо хушбинӣ ба кори муаллиф менигарад, бар ў хўрда намегирад ва ў ба ин ки мутаваҷҷеҳи хатову иштибоҳи дигарон шуда, ба хештан намеболад».
Дар ин гурўҳбандии Хоразмӣ пеш аз ҳама масъалаи одобу вазифаи инсонии олим ба миён гузошта шудааст. Махсусан мулоҳизаҳои донишманд дар хусуси танқиди илм ва мунаққидон хеле ҷолиб аст. Ба ақидаи Хоразмӣ олиме, ки ба таҳқиқи таъриху танқид ва тафсири илм машғул аст, пеш аз ҳама дар баробари нишон додани иштибоҳу норасоиҳои асар бояд инсони хушоин бошад, ба хўрдагириву худситоӣ дода нашавад ва ба иззати нафси муаллиф нарасида, ба ў ва асараш муносибати объективона дошта бошад. Ин нуктаҳои одилонаву инсондўстонаи Хоразмӣ на танҳо аҳамияти худро гум накардаанд, балки имрўз ҳам бояд сармашқи аҳли илм ва махсусан, мунаққидон бошанд. Зеро имрўз ҳам аз аҳли илм касоне ёфт мешаванд, ки бо ғаразҳои беасоси шахсиву бадбинӣ қаламфарсоӣ мекунанд, ба ҷои баҳои объективона додан ба асар ва тақдири хидмати ҳамкасбон аз рўи иштибоҳи ночизе аз пашша фил сохта, асареро ботил ва муаллифашро бадном месозанд.
Чунон ки борҳо ёдовар шудем, вазифаи асосии илмро Хоразмӣ дар хидмат ба мардум медонад. Ў таъкид мекунад, ки донишмандони асили халқҳои гуногун қудрату тавоноии худро сарфи ин кору нияти нек намудаанд:
«Донишмандони рўзгорони гузашта ва андешамандони миллатҳои пешин пайваста саргарми нигоришу тасниф будаанд.
Онон ба андозаи тавоноиву биниш барои мардуми пас аз худ дар анвои дониш на гузидаҳои фалсафа китобҳо таълифу тасниф кардаанд бад-он умед, ки дар дигар сарой подоше ёбанд ва дар ин ҷаҳон номи нек бар ҷой монад. Номе, ки тамоми сарватҳову пирояҳое, ки заҳмату ранҷи бисёр ба даст меояд, дар баробари он ҳеҷ аст…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор