Равзанаи адаб

Ҳамин тавр, Хоразмӣ илмро на манбаи даромаду маишати рўзгор, балки василае барои мададрасонӣ ба мардум ва соҳиб шудан ба номи нек медонад, ки он аз ҳама гуна молу сарвати дунё афзалтар аст. Бо ин андешаҳои худ Хоразмӣ низ монанди файласуфи юнонӣ Протагор, ки 24 аср муқаддам шиори ҳикматомези «инсон меъёри ҳама чиз аст»-ро ба миён гузошта буд, накўкорӣ ва хидмат ба инсониятро вазифаи муқаддаси илм мешуморад.
Донишманди инсонпарвар Муҳаммад Хоразмӣ, ки тамоми ақлу хирад, донишу заковаташро барои хидмат ба мардум, пешрафти илму тамаддун, хушбахтиву саодати одамон сарф карда, некиву накўкориро мароми аслии худ қарор дода буд, аз ёди халқ ҳеҷгоҳ нахоҳад рафт ва мисли дигар бузургони илму адаби олам номи ў ҳамеша ба некӣ вирди забон хоҳад монд, чунон ки Ҳофиз гуфтааст:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накўном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
2 Г.П.Матвиевская. К истории математики Средней Азии.
Тошкент, 1962, стр. 26.
7 М. Сале. Мухаммед ал-Хорезми великий узбекский ученый.
Тошкент, 1954, саҳ. 25.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор