Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мароми ахлоқии аҳли ҳунар

Замони зиндагии Камолиддин Беҳзод аз давраҳои шукуфотарин фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик ва халқҳои дигари Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрон ба шумор меравад. Дар ин давра пойтахти давлати Темуриён шаҳри Ҳирот аз марказҳои муҳимми фарҳангии на танҳо Хуросону Мовароуннаҳр, балки Шарқ маҳсуб шуда, ҳунармандону адибон, донишмандону косибони зиёдеро ҷамъ оварда буд ва ҳунарҳои меъмориву ороишӣ, мусиқиву рассомӣ, хаттотиву минётурӣ ва амсоли инҳо хеле равнақу ривоҷ доштанд.
Оромии нисбие, ки дар нимаи аввали асри XV дар ин сарзамин ба вуҷуд омад ва махсусан сарпарастиву ғамхории вазири бофарҳангу донишманд ва шоири маъруф Алишер Навоӣ, шоиру мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва баъзе шоҳони фарҳангдўсти темурӣ чун Султон Ҳусейнмирзо барои пешрафти фарҳангу ҳунар заминаи мусоиде фароҳам оварданд. Вале ин дер давом накард ва аз охирҳои қарни мазкур дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давр ихтилофҳо авҷ гирифта, ба хусус фасоди ахлоқӣ вусъат пайдо кард. Тавре ки академик А. Мирзоев дуруст таъкид кардааст, "дар охирҳои асри XV ва аввалҳои асри XVI ба вуҷуд омадани як қатор асарҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, аз ҷумла "Ахлоқи Мўҳсинӣ"-и Кошифӣ, "Ахлоқи Ҷалолӣ"-и Даввонӣ, "Беҳрўзу Баҳром"-и Биноӣ ва ғайра, агар хато накунам, барои пешгирӣ кардани фосидии ахлоқи ҳамин давра низ равона карда шудаанд". Дарвоқеъ масъалаҳои ахлоқӣ ба яке аз масоили муҳимми замон табдил ёфта, на танҳо дар осори бадеиву дидактикии ин давра, балки дар осори ҳунарии он низ роҳ пайдо кард, ки рисолаи манзуми ҳунарвари барҷастаи замон, шоҳи хаттотони даврон Султон Алии Машҳадӣ гувоҳи он аст.
Ҳарчанд аҳволу осори ин ҳунарманди маъруф таваҷҷўҳи донишмандонро ҷалб намуда, аз ҷумла муҳаққиқи рус Г. И.
Костигова рисолаи номзадӣ ҳам таълиф кардааст, вале арзиши ахлоқии асари ў ҳанўз комилан таҳқиқу баррасӣ нашудааст.
Бинобар ин мо аз нақли шарҳи ҳоли Султон Алӣ, тавсифи осори ў, ки дар китобҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла китобхонаи оммавии Салтиков-Шедрини Санкт-Петербург маҳфуз аст, худдорӣ намуда2, ин ҷо баъзе андешаҳои ахлоқии ўро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Вале қабл аз ҳама бояд роҷеъ ба иртиботи ду ситораи тобноки ҳунари он даврон Камолиддин Беҳзод ва Султон Алии Машҳадӣ чанд сухан гуфта шавад, зеро ин иртибот дар ташаккули афкори ахлоқии онҳо бетаъсир нест.

пешина
аз 625
навбатӣ