Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре, ки маълум аст, Султон Алӣ охири солҳои 60-и қарни XV бо даъвати Алишери Навоӣ ба Ҳирот-маркази давлати Темуриён омада буд. Дар ин солҳо Камолиддин Беҳзод ҷавони 14-
15 сола буд. Бинобар ин аз Султон Алӣ сабақ гирифтани ў, ки баъзе сарчашмаҳо хабар медиҳанд, аз воқеият дур нест. Дўстиву ҳамкории ин ду ҳунарманди бузурги аср то охири умрашон идома пайдо карда, боиси офарида шудани як зумра шоҳкорҳои ҳунарӣ гаштааст. Аз ҷумла нусхаҳои нодире, ки бо хати зебои Султон Алӣ ва мусаввараҳои шевои Камолиддин Беҳзод офарида шудаанд, чун Бўстони Саъдӣ (китобат дар соли 1476), ки дар китобхонаи Честер Битли Будлин нигаҳдорӣ мешавад, ё нусхаи дигари Бўстон, ки соли 1488 китобат шуда, дар китобхонаи Қоҳираи Миср маҳфуз аст ва чандин нусхаҳои дигар осори гаронбаҳои ҳунарӣ буда, намунаи олии ҳунари хаттотиву минётурӣ маҳсуб мешавад ва аз тарафи донишмандону ҳунармандон баҳои хеле баланд гирифтаанд.
Дарвоқеъ дар нусхаҳои мазкур афкору андешаҳои баланди ахлоқии Саъдӣ, хатти зебову назаррабои Султон Алӣ ва мусаввараҳои ҷаззобу дилкушои Беҳзод бо ҳам омезиш ёфта, асари бузурги бадеиву ҳунарҳо ба вуҷуд овардаанд, ки на танҳо мутолиаи онҳо, балки ҳатто дидорашон ба кас таассуроти амиқ мебахшад.
Аз иртиботу муносибатҳои дўстонаи ин ду ҳунарманди бузурги аср тасвири (портрети) Султон Алӣ, ки бо қалами Беҳзод кашида шуда, хушбахтона, то имрўз боқӣ мондааст, низ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин мусаввара чеҳраи Султон Алӣ чун шахси ҳалиму фурўтан ба қалам омадааст.
Рисолаи манзуми Султон Алии Машҳадӣ, ки нусхаи аслии қаламии худи ў (автограф) дар китобхонаи оммавии ба номи Салтиков-Шедрини Санкт-Петербург таҳти шумораи Дорн 454 маҳфуз аст, аз 14 варақ иборат буда, моҳи муҳаррами 920 ҳ. / марти 1514 м. Ба поён расидааст. Ин рисола ҳам дар замони худ ва ҳам дар асрҳои баъд шўҳрати зиёде касб карда, дар тарбияти ҳунариву ахлоқии хаттотон саҳми арзанда гузоштааст. Ба ин нусхаҳои фаровони он, ки дар китобхонаҳои гуногуни олам маҳфузанд, дар рисолаи хаттоти маъруфи қарни XVI Қозӣ Аҳмад ва рисолаи ...улфузалои донишманди қарни XIX Эрон Санглох пурра дохил шудани он ва таъсираш ба рисолаҳои гуногуни хаттотони қарнҳои охир ҳам гувоҳӣ медиҳанд.
Рисолаи хаттотии Султон Алии Машҳадӣ аз 273 байт иборат буда, ба забони соддаву фасеҳи форсӣ дар қолаби маснавӣ навишта шудааст. Дар он асосан дар хусуси усулу қоидаҳои маъмули хушнависӣ, таҳияи маводу таҷҳизоти хаттотӣ ва тарзи навишти навъи хатти настаълиқ, ки хаттоти маъруф Миралии Табрезӣ аз омезиши навъҳои насху таълиқ ихтироъ карда буд, сухан меравад.

пешина
аз 625
навбатӣ