Равзанаи адаб

Рисола бо ҳамди Худованд шурўъ шуда, офаридаи илоҳӣ будани қаламу ҳарф таъкид мегардад. Сипас аз ситоиши пайғамбар, пас аз он дар бораи Алӣ (а) ва ихтироъгари хатти куфӣ будани ў ва аз хатти куфӣ баромадани навъҳои дигар сухан меравад.
Султон Алӣ аз забони Алӣ(а) ҳадафи аслии хатро на танҳо офаридани ҳарфу лафз, балки аз эҷоди зебоиву хубӣ низ иборат медонад:
Ғарази Муртазо Алӣ аз хат
На ҳамин лафзу ҳарф буд нуқат,
Бал усули сафову хубӣ буд,
З-он ишорат ба ҳусни хат фармуд.
Барои ҳунарманд шудани Султон Алӣ меҳнати мудовиму пайгиронаро зарур медонад. Ў меҳнату машаққати зиёди худро дар машқи хат нишон медиҳад ва ба таври аёнӣ ин матлабро бозгў менамояд:
Рўз то шом машқ мекардам,
На ғами хоб буду на хўрдам.
Аксари рўзҳо чу моҳи сиём,
Рўза медоштам ба сидқи тамом.
Султон Алӣ дар зимни рисола маълумоти зиёди тарҷумаиҳолӣ меорад, ки онҳо на танҳо барои барқарор кардани тарҷумаи ҳоли ў хеле судманданд, балки барои шинохти андешаҳои ахлоқии вай ҳам арзиши баланд дорад. Масалан, дар пораи зер ў дар хусуси падару модараш, дар тифлӣ аз падар маҳрум гаштанаш сухан ронда, зимнан ба эҳтироми падару модар чун вазифаи муқаддаси писар ишора менамояд:
Чунки аз равза омадам берун,
Пеши модар шудам ба хонам дарун.
Хидматашро ба ҷон камар баста
Дари матлуби хеш дар баста.
То бидонистамаш наёзурдам,
Рўзгоре бад-ў ба сар бурдам.
Аз падар з-он нагуфтаму ҳолам,
Ки сафар карда буд аз олам.
Ман аз ў ҳафтсола монда ҷудо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор