Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ба чилсолагӣ бурида зи мо.

Сипас Султон Алӣ солҳои ҷавонии худро ба ёд меорад, ки асосан дар мадраса ба омўзиши илм ва машқи пайвастаи хат сипарӣ шудааст ва он боиси рушду камолоти ў чун устоди хушнависӣ гардида, ба вай обрўю эътибор ва шўҳрати зиёд овардааст. Шогирдони зиёде аз ҳар гўшаву канори мамлакат ба назди ў ҷамъ меоянд, то ҳунари хаттотӣ омўзанд. Ў ба шогирдон чун дўсту бародар муносибат намуда, бо меҳру дилбастагӣ ба таълим мепардозад. Вале таълим аз назари ў танҳо аз омўзишу тадрису илму дониш иборат нест, балки тарбияи ахлоқӣ ва рушди маънавии шахсро ҳам дар бар мегирад. Аз ин рў дар баробари таълими усули хаттотӣ ў ба тарбияи маънавии шогирдон пардохта, чашми ботинии онҳоро боз менамуд, то ки оламро беҳтару амиқтар дарк созанд:

Чунки аз машқи беҳаду беад
Шудам алқисса шўҳраи Машҳад.
Пеши ман маҳрухони симзақан
Баҳри таълими хат ба ваҷҳи ҳасан
Омаданд зи дуру аз наздик
Хоҳ аз турку хоҳ аз тоҷик.
Ҷумла ёру бародарам буданд,
Ҳамарўза баробарам буданд.
Чашми сар бастаму кушодам сир
Дидани чашми сир чу нест музир.
Чашми сар айббину маъюб аст,
Чашми сир ҳар чи дид, маҳбуб аст7

Ин ҷо назари Султон Алӣ дар бораи пайвастагиву робитаи ногусастании таълиму тарбия ифода ёфтааст, ки имрўз ҳам дар педагогикаи ҷаҳонӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад ва ба хусус барои ҷомеаи мо хеле зарур аст.
Дар фасли ҷудогонаи рисола Султон Алӣ дар хусуси "таъйини авқот ва сулуки котиб" сухан меронад. Ин фаслро метавон маромномаи ҳунариву ҳирфаӣ ва ахлоқии котибӣ номид. Зеро дар он усулҳои умдаи касбӣ ва ахлоқии ҳунари хаттотӣ, шартҳои асосии он, фазилатҳои муҳимтарини шахсияти котибон возеҳу равшан баён шудаанд.
Пеш аз ҳама чунон ки қаблан ҳам зикр шуд, Султон Алӣ кору заҳмати зиёду муттасилро аз овони ҷавонӣ барои котиби хуб шудан зарур мешуморад:

пешина
аз 625
навбатӣ