Равзанаи адаб

Тарки орому хоб бояд кард
В-ин зи аҳди шубоб бояд кард.
Сар ба коғаз чу хома фарсудан,
З-ин амал рўзу шаб наёсудан.
Муаллифи рисола таъкид мекунад, ки саъю кўшиши бардавом, азму субот ва ҷаҳду талош саранҷом боиси ба даст овардани ҳадаф мешавад ва ҳунармандро ба мақсад мерасонад. Ў ин матлабро дар мисоли шахсияти худ нишон дода, ҳамчунин барои таъкиди матлаб аз ҳадиси пайғамбар меорад:
Пас нишастам ба ҷидду ҷаҳди тамом
Ҳосили қисса рўзҳо то шом.
Машқро чун қалам камар баста,
Паси зонуи хеш биншаста.
Буридам зи ёру хешу рафиқ
Охируламр ёфтам тавфиқ.
Гуфт Пайғамбар он шоҳи сарвар
Сар мапеч аз ҳадиси Пайғамбар:
"Ҳар ки кўбад даре зи рўи ниёз,
Мешавад оқибат ба рўяш боз".
Вале барои котиби ҳақиқӣ шудан танҳо саъю кўшиш ва меҳнати муттасил кофӣ нест. Котиб инчунин бояд ахлоқу одоби хуб дошта, аз лиҳози маънавӣ поку беолоиш бошад, инони нафси худро идора карда тавонад. Аз ҷумла ў ҳарисиро душмани маънавии худ медонад:
З-орзуҳои хеш бигзаштан
В-аз раҳи ҳирсу оз баргаштан.
Муборизаи беамон бо нафси бад дарвоқеъ аз шартҳои асосии на танҳо ҳунари котибист, балки василаи муҳимми ташаккули шахсияти инсон аст. Аз назари Султон Алӣ танҳо шахсе метавонад чун инсони наҷиб ба камол расида, дар ҳар касбу ҳунар муваффақ ва комёб гардад, ки бо нафси бад, ки дар вуҷуди ў ниҳон аст, мубориза бурда ғолиб ояд:
Низ бо нафси бад ҷадал кардан,
Нафси бадкешро задан гардан.
То бидонӣ ҷиҳоди асғар чист,
Бозгаштан ба сўи акбар чист. Котиб низ мисли ҳар инсони дигар бо мардум сарукор дорад, дар робита бо аҳли сайфу пешаҳо кору фаъолият мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор