Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Азбаски ин далелҳои қотеъ андешаи ўро ба субут намерасонанд, тааҷҷуб мекунад, ки «чаро Ибни Муқаффаъ ба ҳангоми сухан гуфтан аз «дарӣ» танҳо ба пойтахт ва ба Хуросон ишора мекунад ва на ба ҳеҷ бахшу шаҳри дигаре аз Эрон?» Ин пурсишу тааҷҷуби донишманди фаронсавӣ ниёз ба тавзеҳу посух надорад ва гуфтаи Ибни Муқаффаъ дар воқеъ забони мардуми Хуросон будани порсии дариро собит менамояд. Ахиран донишманди Афғонистон Абдулқайюми Қавим низ пас аз таҳлили муфассали андешаҳои муҳаққиқони Ғарбу Шарқ дар бораи хостгоҳи забони форси дарӣ ба чунин натиҷаи дуруст расидааст:
«Хулоса ин ки бар асоси шавоҳиди инкорнопазир хостгоҳи забони дарӣ навоҳии Балху Бухоро ва ба таври куллӣ Хуросони муқорини даврони исломӣ мебошад.» Масъалаи баҳсбарангези дигар номи ин забон аст, ки ҳанўз решаи он ба таври дақиқ муайян нашудааст. Мирзо Ҳасани Султон ба чор фарзияи пайдоиши истилоҳи дарӣ ишора намуда, аз вожаи дарборӣ баромадани дариро ҷонибдорӣ мекунад. Аксари муҳаққиқоне, ки дар ин хусус изҳори назар кардаанд, пайдоиши вожаи «дарӣ»-ро аз калимаи «дарборӣ» донистаанд. Жилбер Лазар низ дар пайравии онҳо таъкид менамояд, ки «дарӣ» муштақ аз «дар» ва «дарбор» аст. Чунин ба назар меояд, ки дарӣ танҳо забони гуфторӣ будааст, он ҳам дар дарборӣ шоҳон ва дар пойтахти онон». Дарвоқеъ дар аксари сарчашмаҳои таърихиву адабӣ пайдоиши дарӣ ба дарборӣ мансуб дониста шудааст, ки ба назари мо ҷанбаи ривоятӣ дошта, ба сиёсату мафкураи ҳукмрони давр марбут аст, ки ҳар чизи хуб ба шаҳру дарбор вобаста мегардид.
Дар хусуси тасмияи «дарӣ» чанд сол қабл аз ҷониби шодравон Расул Ҳодизода андешаи нави зерин баён гардид:
«Аммо фикри банда он аст, ки «дарӣ» ба маънои «дарунӣ, дохилӣ»
аст, яъне забоне, ки бо он мардуми даруни маҳаллӣ - на арабҳои омада - сухан мегуфтанд ва аз он ҷо номи «дарӣ», (яъне «дарунӣ»)- ро гирифтааст». Ба назари мо вожаи «дарӣ», тавре ки дар баъзе фарҳангҳо, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» омадааст, аз калимаи «дара» буда, мухаффафи(шакли кутоҳшудаи) «дараӣ» ё дарагӣ» аст, ки талаффузашон равон нест. Зеро дар забони мо қаринаи дигаре нест, ки дарӣ ба маънии дарборӣ ё дарунӣ истифода шуда бошад, вале ба маънии дарагӣ як мисоли хубе ҳаст, ки он ибораи шевои «кабки дарӣ» мебошад.

пешина
аз 625
навбатӣ