Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лафзи дарӣ, забони дарӣ дар ҳамин қолаби иборасозӣ сохта шудаанд. «Дар» ба маънии «дара» дар ашъори шоирони асрҳои гуногун хеле зиёд дучор меояд, ки чанде аз онҳо зикр мешавад:

Тазарвону товусу кабки дарӣ
Биёбӣ, чу бар кўҳҳо бигзарӣ.
Фирдавсӣ
Тозон чун кабки дарӣ дар камар, Ёзон чун сарви сиҳӣ дар чаман.
Фаррухӣ
Чу кабки дарӣ боз мурғ аст, лекин Хатар нест бо боз кабки дариро.
Носири Хусрав
Дигар назар накунам болои сарви чаман, Дигар сифат накунам рафтори кабки дарӣ Саъдӣ
Агар фарзияи мазкур пазируфта шавад, муаммоҳое, ки Ж.
Лазар ёд кардааст, ҳал хоҳанд шуд. Яъне забони порсии дарӣ як навъи гуфтории забони порсӣ буд, ки на дар дарборҳо, балки дар дараҳои кўҳистони Хуросону Мовароуннаҳр дар баробари забонҳои соҳибхати суғдӣ, бохтарӣ, ориёӣ, хоразмӣ дар байни мардум амал мекард. Бар асари истилои арабҳо ва ҷорӣ шудани забону хати арабӣ ба сифати забони расмӣ забонҳои мазкур аз байн рафтанд ва забони гуфтугўии мардум бо фароҳам омадани шароити мусоид дар аҳди Саффориёну Тоҳириён ва Сомониён дар як муддати кўтоҳ на танҳо чун забони адабӣ ташаккул ёфт, балки ба дараҷаи камолот расид. Агар ин шароит ба вуҷуд намеомад ва дастгириву пуштибонии он давлатҳо, ба хусус давлати Сомониён намебуд, яқинан забонҳои эронӣ имрўз ба ин ҳолат намерасиданд.
Ин ҳақиқати таърихӣ, ки аз ҷониби эроншиносони олам пазируфта шудааст, ахиран дар асари Г. Ҳидоятов «Заволи Сомониён», ки ба забони русӣ ба табъ расидааст, нодида гирифта шуда, мақоми Сомониён дар арсаи таърих рад гардидааст.
Мо ҳоло дар хусуси андешаҳои беасосу муғризонаи Г.
Ҳидоятов роҷеъ ба «ватани аслии туркҳо будани Осиёи Марказӣ», «шаҳри қадимии туркҳо будани Бухоро», «сардори наҳзати милливу озодихоҳии халқҳои турк будани Абумуслими Хуросонӣ», «Ҳокими Балх будани туркони қарлуқ дар асри IX» боаслу насаб ва бомутакко будани давлатҳои Қарохониён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён ва беаслу насаб ва бе асоси этникӣ будани Сомониёну тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, «давлати хориҷӣ будани Сомониён» «дар уқёнуси ҷаҳони туркон», «ҳеҷ осори намоёне дар солномаи таърихии Осиёи Марказӣ нагузоштани сулолаи Сомониён» ва амсоли инҳо чизе намегўем, зеро таърихшиносон посухи сазовори онҳоро қисман додаанд ва хоҳанд дод.

пешина
аз 625
навбатӣ