Равзанаи адаб

Андешаҳои роҷеъ ба забон ва адабиёти форсу тоҷик баён кардаи Г.Ҳидоятов низ аксаран беасосу ғалатанд, ки ҷиҳати намуна ба чанде аз онҳо ишора менамоем.
Г. Ҳидоятов ба Сомониён тўҳмат намуда, гуноҳи аз байн бурдани забонҳои маҳаллиро ба гардани онҳо бор мекунад:
«Сомониён саъй менамуданд, ки ба дарбори худ ба Бухоро шоирону мутрибонро ба таври васеъ ҷалб намоянд, ба ин тарз онҳо ният доштанд, ки забонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла суғдиро танг намоянд ва фарҳанги маҳаллиро аз байн баранд. Вале худи онҳо чизе наофариданд». «Иштибоҳи марговари Сомониёнро» Г.Ҳидоятов дар кўшиши «суръатафзои арабисозии Мовароуннаҳру Хуросон» медонад, ки дурўғи маҳз будани онҳо ниёз ба исбот надорад.
Таҳрифкории Г.Ҳидоятов ба ҳаддест, ки зодгоҳи бунёдгузори адабиёти форсизабонони олам устод Рўдакӣ Панҷакентро вожаи туркӣ дониста, онро «шаҳри қадимии туркон» эълон мекунад ва дар ҳамин замина менависад: «Рўдакӣ бо ҳама наздикиаш ба мардум дар сарзамине зиндагӣ мекард, ки аҳолии асосии этникии он туркҳо буданд, ки ўро кам мефаҳмиданд ва онҳо дар он замон назми туркии худро доштанд». Чунин андешаҳои беасосу тўҳматангез дар ин китоб фаровон аст, ки аз надонистани таъриху фарҳанг ва боғаразона будани нияти муаллифи асари «Заволи Сомониён» шаҳодат медиҳанд.
Муҳаққиқи дигари ўзбек Султонмурод Одинаев ҳам дар мақолаи худ дар маҷмўаи «Одамушшуаро Рўдакий», ки бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Низомии шаҳри Тошкент ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ўзбекистон ба табъ расидааст, нақши забони форсиии дариро нодида мегирад ва осори Рўдакиву чандин адибони дигар амсоли Айнӣ, Улуғзода, Ҷалол Икромиро маҳз барои он ки ки дар Бухорову Самарқанд муддате зиндагӣ кардаанд, «қисми таркибии адабиёти ватан»,16 яъне ўзбек мешуморад. Ў ошкоро таъкид мекунад, ки «мантиқан ҳар кадом асари бадеие, ки дар ҳудуди ҳозираи Ўзбекистон офарида шудааст, қатъи назар аз он ки ба кадом забон аст, қисми таркибии адабиёти Ватанро ташкил медиҳад». Ў ҳатто осори ба забони суғдӣ эҷод шударо ҳам мероси миллии ўзбекон медонад, «чунки суғдҳо,- менависад ў,-
асосан дар ҳудуди вилоятҳои ҳозираи Бухоро ва Самарқанди зиндагӣ кардаанд». Тавре ки мебинем, меъёри асосии ў дар таъйини мероси адабӣ на забону халқ, балки ҳудуди имрўзаи ҷуғрофист, ки хилофи мантиқ ва ҳақиқати таърихӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор