Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масъалаи дигаре, ки имрўз мавриди баҳс аст, имконоти забони илм шудани забони форсии тоҷикист. Бояд гуфт, ки дар аҳди Сомониён ин забон ба дараҷаи забони илмии давр расида буд. Хидмати донишмандони замон, ба хусус Ибни Синову Берунӣ дар сохтани истилоҳоти илмҳои риёзиву физика, тиббу нуҷум, фалсафаву илоҳиёт, ҳандасаву маъданшиносӣ ва илмҳои дигар хеле бузург аст. Онҳо ҳатто усулҳои вожагузиниву истилоҳсозиро дар соҳаҳои гуногуни илм муайян карда буданд. Имрўз донишмандони илмҳои дақиқу табиатшиносии кишварҳои форсизабонро зарур аст, ки он таҷрибаву усулҳоро омўзанд ва дар эҷоди истилоҳоти тоза ба кор гиранд. Ҳамчунин моро зарур аст, ки барои ба мақоми байналмилалӣ расидани забони тоҷикӣ, ки дар асрҳои миёна онро дошт, кўшиш ба харҷ диҳем ва барои ба яке аз забонҳои расмии кории ЮНЕСКО ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ табдил додани он, ки аз ҳар ҷиҳат сазовор аст, талош варзем.

Шаклгирии забони адабии тоҷик, Номаи Оли Сомон. Маҷмўаи мақолот,Теҳрон, 1378; М.Қосимова. Сомониён ва анҷоми ташаккули забони адабӣ, Сомониён ва эҳёи тамаддуни форси тоҷикӣ, Душанбе 1998, саҳ.456-459; Ҷаводи Ҳиравӣ. Таърихи Сомониён (асри тиллоии Эрон баъд аз ислом), Теҳрон, 1380, саҳ.
15-16 4. Жилбер Лазар. Решаҳои забони форсии адабӣ, маҷ.
Эроннома, 1993, №4, саҳ.571.
5. Ҳамон ҷо.

пешина
аз 625
навбатӣ