Равзанаи адаб

Рисолаи «Назми форсӣ дар Бухорои асри Х», ки с. 1935 дар шакли ҷузва ба табъ расидааст, аз нахустин таҳқиқоти сабкшиносии шеъри он давра ба шумор меравад. Дар бораи ташаккули шеъри форсӣ ва робитаи он бо назми араб сухан ронда, Е.Э. Бертелс дар симои Рўдакӣ аввалин шоири касбиро мебинад, ки дар «дарбори Сомонӣ ба ҷуз эҷоди шеър ҳеҷ вазифаи дигар надошт». Ў қасидаро навъи асосии шеъри асри Х шуморида, ба «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ» чун намунаҳои барҷаста ва зебои ин навъи шеър ишора менамояд.
Навъи дигари шеъри форсӣ, ки Е.Э. Бертелс роҷеъ ба он таваққуф кардааст, ғазал мебошад. Ҳарчанд ба ғазалҳои Рўдакӣ шоирони асрҳои Х1 - Х11 ишораҳо кардаанд, ки чанде аз онҳо дар рисола ҳам нақл шудааст, муаллиф вуҷуди ғазалро ҳамчун навъи мустақили шеър дар асри Х1 инкор менамояд ва онро муқаддимаи қасида мешуморад. Дар ҳоле ки дар байни осори хеле кам боқимондаи Рўдакӣ ҳам чанд ғазали комилро пайдо кардан мумкин аст, ки ба талаботи ин навъи шеър ҷавобгў мебошанд.
Дар бораи навъи шеърии рубоӣ низ Е.Э. Бертелс ҳамин гуна андешаҳо баён намуда, ҳарчанд ба решаҳои даврони тоисломии он дар адабиёти Эрон ишора мекунад, вале «вуҷуди рубоиро ба доираҳои феодаливу ашрофӣ дар давраи сомонӣ аз эҳтимол дур» медонад. Вале дар маҷмўаи ашъори Рўдакӣ ва ҳатто пешгузаштагони ў намунаҳои сайқалёфтаи ин навъи овозадори шеъри форсу тоҷикро метавон дарёфт. Ҳатто дар баъзе сарчашмаҳо ихтирои рубоӣ ба Р. нисбат дода шудааст. Дар рубоиҳои Рўдакӣ, ки теъдоди онҳо ба 40 мерасад, муҳимтарин хусусиятҳои ин навъи шеърро ҳам аз лиҳози мундариҷаву мавзўот ва ҳам аз ҷиҳати вазну қолаб ва дигар вежагиҳои шаклӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар рисола Е.Э. Бертелс ҳамчунин роҷеъ ба мавзўоти асосии шеъри асри Х таваққуф намуда, ба абёти ҷудогонаи Рўдакӣ ишораҳо мекунад. Рисола ҳарчанд аз баъзе норасоиҳо холӣ нест, вале дар ҳамон замон барои таҳқиқи амиқи шеъри асри Х форсу тоҷик мусоидат намуд.
Е.Э. Бертелс таҳқиқи назми ин давраро дар мақолаи муфассали дигари худ «Адабиёти мардумони Осиёи Миёна аз замонҳои қадим то асри ХV м.», ки соли 1939 дар се шумораи маҷаллаи «Новый мир» чоп шудааст, идома медиҳад. Дар ин мақола, ки раванди адабиёти форсу тоҷик ба қалам дода шудааст, ба ташаккули он дар асри Х ва нақши Рўдакӣ дар густариши мавзўот ва такомули навъҳои шеър таваҷҷўҳи зиёд зоҳир гардидааст. Дар мақолаи Е.Э.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор