Равзанаи адаб

РЎДАКИШИНОСИ ШИНОХТА*
Рўдакишиносӣ аз рукнҳои асосии осори илмии донишманди маъруфи тоҷик, академик А. Мирзоев ба шумор меравад. А.
Мирзоев ба тадқиқи аҳволу осори Рўдакӣ асосан дар остонаи ҷашни 1100 – солагии бунёдгузори адабиёти классикии форсу тоҷик , ки соли 1958 ҷашн гирифта шуд, шурўъ намудааст.
Соли 1955 қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи гузарондани ҷашни 1100 – солагии рўзи таваллуди классики бузурги адабиёти тоҷик Рўдакӣ» қабул гардид ва як гурўҳ донишмандон, аз ҷумла А. Мирзоев ба ҷамъовариву таҳқиқи осори шоир сафарбар гардиданд.
А. Мирзоев дар баробари ҷамъоварии ашъори Рўдакӣ ва маводи таҳқиқотӣ ба тадқиқи масъалаи пайдоишу ташаккули ғазал ва нақши Рўдакӣ дар рушду такомули он пардохт ва соли 1957 рисолаи «Рўдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х – ХУ» -ро ба ҳуруфи форсӣ дар шакли китоби алоҳида ба табъ расонд. Ин асар соли 1958 ба муносибати ҷашни мазкур ба забони русӣ (дар тарҷумаи М.Н. Усмонов) низ чоп шуд.
Таҳлили муфассали асари мазкурро, ки бештар ҷанбаи назариявӣ дорад, ба ҷои дигар мавқуф гузошта, ҳоло ба таъкиди ин нукта иктифо менамоем, ки дар ин рисола ҳарчанд андешаи баҳсноки «ғазал дар асри Х ҳанўз як шакли хосси назмро ташкил намедиҳад», баён ёфтааст, вале муаллиф дар охир ба натиҷае расидааст, ки «Рўдакӣ аз рўи тамоми ғазалсароёни форс-тоҷик
1 фармонравоӣ мекардааст».
Тавре ки маълум аст, рўдакишиносӣ таърихи қадимӣ дошта, ба хусус аз асри Х1Х сар карда дар Аврупо ҷанбаи илмӣ пайдо мекунад. Дар ин муддат дар баробари мақолаҳову рисолаҳои зиёд чанд асари ҷамъбастӣ низ офарида шудаанд, ки асарҳои Ҳ. Эте, С.
Айнӣ, Саид Нафисӣ, А. Мирзоев, А. Тоҳирҷонов, А. Афсаҳзод аз ҳамин қабиланд.
Асари А. Мирзоев «Абў Абдулло Рўдакӣ» аз муҳимтарин таълифот дар ин замина буда, дастовардҳои илмии то он замон, яъне то соли 1958 дар рўдакишиносии олам ба вуҷуд омадаро ҷамъбаст менамояд. Китоб аз сарсухан, 6 боб ва феҳрастҳои гуногун иборат аст.
Дар сарсухани хеле мухтасар А. Мирзоев дар хусуси шароити таълифи китоб сухан ронда, дар муддати ниҳоят кўтоҳ навишта шудани онро гўшрас менамояд. Тавре ки аз мулоҳизаҳои худи А. Мирзоев дар боби дуюми асар низ бармеояд, ба ў ҳангоми таълифи асар китоби Саид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абўабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рўдакии Самарқандӣ» мадади зиёд расондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор