Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро Саид Нафисӣ дар китоби худ маълумоти сарчашмаҳои таърихиву адабиро, ки бештар ба забони арабӣ мебошанд, ҳамчунин мақолаҳои муҳаққиқони аврупоиро, ки ба забонҳои хориҷӣ таълиф шудаанд, ба забони форсӣ тарҷума намуда, ҷой додааст. Инчунин Саид Нафисӣ ашъори парокандаи Рўдакиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъоварӣ намуда, дар қисми сеюми китобаш бо зикри маъхаз ба табъ расондааст. Аз ин рў А. Мирзоев иқрор мешавад, ки «агар асари Саид Нафисӣ намебуд, мо низ тадқиқоти худро дар муддати якчанд моҳ ба анҷом расонида наметавонистем». Дар сарсухан ҳамчунин нотамом будани асар ва дар оянда давом додани таҳқиқи мавзўъҳои забон ва санъати шеъри Рўдакӣ таъкид мегардад.
Боби аввали китоб «Замони Рўдакӣ» пеш аз ҳама шарҳи вазъи ҳаёти иҷтимову сиёсӣ ва иқтисодии Мовароуннаҳрро дар асрҳои 1Х – Х дар бар мегирад. А. Мирзоев дар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ амсоли «Китобулмасолик валмамолик»-и Алистахрӣ, «Муъҷамулбулдон»-и Ёқути Ҳамавӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Таърихулмулук валумам»-и Табарӣ, «Осорулбоқия»-и Берунӣ, «Зайнулахбор»-и Гардезӣ, «Равзатуссафо»-и Мирхонд ва асарҳои тадқиқотии В.В. Бартолд, Б. Ғафуров, А.Ю. Якубовский, А. Семенов, Е. А. Давидович, М.Е. Массон, Б.А. Литвинский, Саид Нафисӣ ва

дигарон муборизаҳои сиёсиву озодихоҳонаи мардуми тоҷик, таъсиси давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониёнро дар қаламрави хилофат, рушди иқтисоду вусъату ободонии шаҳрҳоро ба қалам медиҳад.
Сипас дар ҳамин замина инкишоф ёфтани илм, адабиёт, фарҳангро таъкид намуда, аз ҷумла А. Мирзоев мақоми забони давлатӣ гирифтани забони порсии дарӣ-тоҷикиро аз дастовардҳои муҳими ҳаёти фарҳангӣ медонад. Ў ба масъалаҳои баҳсноки маҳалли пайдоиш ва решаи забони порсии дарӣ дахл намуда, бо истинод ба маводи сарчашмаҳои муътабар дурустии андешаҳои Маликушшуаро Баҳорро дар ин масъала таъкид месозад ва ба чунин натиҷа мерасад: «Аввал ин ки забони дарии порсӣ-тоҷикӣ на ин ки дар вақти истилои ҳукмронони араб аз қисмати ҷануби ғарбии Эрон – вилояти Форс ба Хуросон ва Мовароуннаҳр оварда нашудааст, балки вай забони аҳолии маҳаллии мардуми эронинажоди ҳамин сарзамин будааст…». Ин хулосаҳои А.
Мирзоев имрўз низ хеле муҳиманд. Зеро вақтҳои охир баъзе муҳаққиқон амсоли эроншиноси фаронсавӣ Жилбер Лазар дар мақолаву суханрониҳои худ андешаи нодурусти мазкурро бе овардани далелҳои муътамад аз нав ба миён мегузоранд. Дар боби мазкур ба пешрафти илм дар он замон ишора гардида, хидматҳои барҷастаи донишмандони бузург Абўбакр Муҳаммади Розӣ, Абўнасри Форобӣ, Абўалӣ ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Абўбакри Наршахӣ, Абулфазли Балъамӣ ва амсоли онҳо ба қалам дода шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ