Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

А. Мирзоев ба вазъи ҳаёт адабӣ дар асрҳои 1Х – Х таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, пеш аз ҳама таъкид мекунад, ки «насри дарии порсӣ-тоҷикии китобатӣ ҳамчун назми классикӣ маҳз зодаи ҳамин давра мебошад». Ў ба навъҳои гуногуни насри он давра ишора намуда, арзиши баланди се «Шоҳнома»-и насрӣ, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» ва «Тафсири Табарӣ», «Ҳудудулолам», «Донишнома»-и Ибни Сино, «Аттафҳим»-и Беруниро дар ташаккул ва пешрафти насри форсу тоҷик таъкид мекунад.
Назми форсу тоҷикро дар он даврон А. Мирзоев «дурахшонтарин давраи таърихи адабии пешазоктябрии халқи тоҷик ва умуман халқҳои эронинажод» медонад. Дар ин боб муаллиф шарҳи ҳоли мухтасари намояндагони барҷастаи адабиёти асри Х Шаҳиди Балхӣ, Муродии Бухороӣ, Робиаи Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Дақиқӣ, Кисоии Марвазӣ, Башшори Марғазӣ, Мунҷики Тирмизиро зикр намуда, муҳимтарин хусусиятҳои назми он давраро ба қалам медиҳад. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки маҳз дар ҳамин давра шаклҳои асосии назми форсу тоҷик маснавӣ, рубоӣ, қасида, қитъа ташаккул ёфтаанд, намунаҳои барҷастаи ашъори мадҳӣ, васфӣ, марсиявӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ҳасбиҳолӣ, шиквоӣ, ҳамосавӣ, ҳаҷвӣ, хамриявӣ офарида шудаанд, ки дар инкишофи онҳо нақши Рўдакӣ хеле бузург аст.
Дар боби дуюми китоб масъалаи таърихи омўхта шудани Рўдакӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Пеш аз ҳама дар бораи тадқиқотҳое, ки дар Ғарб анҷом ёфтаанд, маълумот дода мешавад. А.Мирзоев таъкид менамояд, ки ҳарчанд омўзиши Рўдакӣ дар Ғарб аз ибтидои асри Х1Х шурўъ шудааст, вале маълумоти аксари муҳаққиқони он давра асосан аз такрори маълумоти тазкираҳо иборатанд. Ба назари А. Мирзоев аввалин асари тадқиқотӣ дар рўдакишиносии Ғарб мақолаи ховаршиноси маъруфи олмонӣ Ҳ. Эте мебошад, ки соли 1873 таҳти унвони «Рўдакӣ – шоири Сомониён» ба табъ расидааст. Дар ин мақола асарҳои тадқиқотӣ роҷеъ ба Рўдакӣ ҷамъбаст гардида, ашъори дар сарчашмахои гуногуни адабиву таърихӣ парокандаи ў ҷамъоварӣ ва тарҷума мешавад.

пешина
аз 625
навбатӣ