Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин дар мақола масъалаи «кўри модарзодии» Рўдакӣ ба миён гузошта шуда, ба маълумоти дар ин хусус додаи Муҳаммад Авфӣ шубҳа баён мегардад. Зимнан бояд гуфт, ки ин масъала то имрўз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Ҳарчанд дар асари дигари ҷамъбастии А.
Тоҳирҷонов дар ин бора баҳси тўлоние кушода шудааст, вале ў низ ба хулосае меояд, ки Рўдакӣ кўри модарзод буд. Дар ин бора ҷои дигар баҳси муфассал намуда, ҳоло бо зикри ин нукта иктифо мешавад, ки дар охирин асари ҷамъбастӣ дар рўдакишиносӣ «Одамушшуаро Рўдакӣ», ки ба қалами А. Афсаҳзод тааллуқ дорад, андешаи дар охири умр кўр карда шудани шоири бузург, ки қаблан Саид Нафисӣ, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, И.С.
Брагинский баён карда буданд, ҷонибдорӣ карда мешавад. Дар мақолаи дигари Ҳ. Эте, ки дар ибтидои асри ХХ ба табъ расидааст, масъалаи ба Қатрон тааллуқ доштани аксари ашъори мансуб ба Рўдакӣ ба миён гузошта шудааст. А. Мирзоев онро «кашфиёти Ҳ. Эте» медонад, ки «дар масъалаи муайян кардани ашъори Рўдакӣ ва Қатрон кўмаки калоне расонд».
Ба ин тартиб дар бобати арзиши асарҳои муҳақиқони дигари Ғарб амсоли Паул Ҳорн, Э. Браун, В. Ҷексон, Р. Левӣ, Денисон Росс, Ян Рипка дар таҳқиқи аҳволу осори Рўдакӣ мулоҳизаҳо баён шудааст. Мулоҳизаҳои А. Мирзоев бештар интиқодӣ буда, норасоиҳои муҳаққиқон бо далелҳо нишон дода шудаанд. Масалан А. Мирзоев дар хусуси асари Рубен Левӣ «Адабиёти Эрон» сухан ронда, таъкид менамояд, ки «аз мутолиаи ин асар чунин тасаввуроте ба миён меояд, ки муаллифи он ё аз таърихи адабиёти классикии мо тамоман бехабар аст ё худ бо ҳисси бадбинӣ, ки одамони мутаассиб нисбат ба маданияти

миллати дигар зоҳир месозанд, ба мероси шоирони бузург наздик шудааст». Сипас ў чанд норасоии ҷиддии онро нишон медиҳад.
Тавре ки А. Мирзоев дуруст ба мушоҳида гирифтааст, омўзиши аҳволу осори Рўдакӣ агар дар Ғарб дар ибтидои асри Х1Х оғоз ёфта бошад, дар кишварҳои Шарқ тақрибан пас аз сад сол, яъне дар аввали асри ХХ бо асари барҷастаи донишманди Ҳинд Шиблии Нўъмонӣ «Шеърулаҷам» шурўъ шудааст.
А. Мирзоев ба ҳусну қубҳи асарҳои донишмандони Туркия ва Эрон, ки ба Рўдакӣ бахшида шудаанд, ишора намуда, махсусан арзиши баланди асари сеҷилдаи Саид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абўабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рўдакӣ»-ро таъкид месозад : «Аҳамияти ин тадқиқот, чӣ навъе ки пеш аз ин ишора карда будем, хурд нест.

пешина
аз 625
навбатӣ