Равзанаи адаб

Дар ин ҷо фақат ҳаминро бояд илова кард, ки баъд аз соли 1930 ин асари Саид Нафисӣ дар тадқиқотҳои минбаъдаи мероси адабии Рўдакӣ ҳамчун сарчашмаи мўътабартарини дараҷаи аввал қарор мегирад» .
Дар баробари ин А. Мирзоев ба баъзе норасоиҳои асари Саид Нафисӣ дар зимни асари худ ишора менамояд. Аз ҷумла дар боби мазкур розӣ набудани худро ба мулоҳизаи Саид Нафисӣ роҷеъ ба ҷоҳилона будани «гуфтаҳо ва раъйҳои» шарқшиносони Ғарб оид ба Рўдакӣ иброз медорад 10.
Дар фасли ҷудогонаи боби мазкур тадқиқоти шарқшиносони рус ва шўравӣ амсоли А. Кримский, С. Айнӣ, Е.Э.
Бертелс, А. Семенов, Б. Ғафуров, С. Улуғзода, И.С. Брагинский, Ш. Ҳусейнзода, Д. Кобидзе, М. Занд роҷеъ ба аҳволу осори Рўдакӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
А. Мирзоев, махсусан, ба асарҳои устод С. Айнӣ, ки саҳми шоистае дар рўдакишиносӣ мебошад, баҳои сазовор медиҳад ва онҳоро «аз пурратарин тадқиқотҳои ба Рўдакӣ бахшида шуда» медонад.
Боюи сеюми китоб «Ҳаёти Рўдакӣ» бо баррасии замон ва маҳалли таваллуди шоир шурўъ мешавад. А. Мирзоев дар асоси маълумоти сарчашмаҳои мўътамад инчунин масъалаҳои куния, ном, насаб, тахаллус, давраҳои зиндагии берун аз дарбор ва дарбории шоир, нобиноии ў, муносибати шоир бо қарматиҳо, пайдо кардани қабри Рўдакӣ ва амсоли инҳоро мавриди баҳс қарор дода, натиҷаҳои ҷолиб ба даст меорад.
Андешаҳо ва хулосаҳои А. Мирзоев дар бораи лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии Рўдакӣ то имрўз арзиши худро нигоҳ дошта, мавриди таъйиди донишмандон қарор гирифтаанд. Масалан, роҷеъ ба муносибати Рўдакӣ бо қарматиён баҳсҳои зиёде сурат гирифтааст. А. Тоҳирҷонов дар асари ҷамъбастии худ тақрибан 140 саҳифаро ба ин масъала бахшида, онро ривоят донистааст ва ба чунин натиҷа расидааст : «Насри 11, Балъамӣ ва Рўдакӣ ҳеч муносибате ба қарматиҳо надоштанд». Вале дар охирин тадқиқоти рўдакишиносии А. Афсаҳзод дурустии натиҷаҳои ба даст овардаи А. Мирзоев таъкид мешавад : «Дуруст аст, ки А.
Мирзоев менависад…, Рўдакӣ дар як давраи муайяни зиндагии худ ба фотимиҳо ва таълимоти қарматӣ майл доштааст», ки ин дуруст асту рост !» Дар масъалаи нобиноии Рўдакӣ низ, тавре ки зикр шуд, ихтилофи назарҳо мавҷуд аст ва андешаи ба ҳақиқат наздик ҳамоно фарзияи аввалии А. Мирзоев аст, ки «Рўдакӣ хеле пеш аз таърихи маъзул шудани Абулфазли Балъамӣ қувваи чашми худро аз даст дода будааст». Дар боби чоруми асари А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор