Равзанаи адаб

Мирзоев мероси адабии Рўдакӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Муаллиф қабл аз ҳама ахбороти сарчашмаҳо ва маълумоти муҳаққиқони асрҳои охирро дар ин масъала баррасӣ намуда, ба ихтилофи назарҳо ишора мекунад ва фарзияи то асри Х111 мавҷуд будани девони Рўдакиро ироа месозад. Сипас ў ба таҳқиқи масъалаи ҷамъоварии осори боқимондаи Рўдакӣ пардохта, таърихи масъаларо равшан менамояд ва миқдори саҳеҳи ашъори боқимондаи шоирро муайян мекунад.
Боби панҷуми китоби А. Мирзоев аз муфассалтарин ва муҳимтарин бахшҳои он буда, ба таҳқиқи мавзўъҳо ва ғояҳои осори боқимондаи Рўдакӣ бахшида шудааст. А. Мирзоев аввалин муҳаққиқест, ки ба ин масъала бештар таваҷҷўҳ зоҳир намуда, муҳимтарин мавзўъҳои осори боқимондаи шоир ва андешаву афкори ўро ба таври амиқ баррасӣ кардааст. Ў қабл аз ҳама таъкид намудааст, ки оид ба ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои иҷтимоиву ахлоқии Рўдакӣ хулосаҳои мушаххасу ҷамъбастӣ баровардан дуруст нест. Зеро аз шоир осори ниҳоят кам ва абёти пароканда боқӣ мондааст. Бо вуҷуди ин А. Мирзоев тавонистааст дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ «масъалаҳои ҳассоси зиндагии асри шоир - санҷидани моҳияти ҷаҳони моддӣ ва ҳаёти инсонӣ, аҳамияти таҷриба ва роли дониш дар зиндагӣ, шартҳои сабзиши шахсӣ, ташвиқи ҳаракат ва кўшишу кор, шикояти замон, истифода бурда шудани мавзўи нопойдории зиндагӣ, панду насиҳат, ҳимояи мазлумон, бечорагон, хушгузаронии вақт, ҳукмрони намунавӣ, масоили ҷудогонаи ахлоқӣ, тасалливу дилдорӣ, масъалаҳои ишқу ошиқӣ, тасвири май, баҳор ва манзараҳои табиат, мадҳ, тасвири маҷлисҳои сурур ва шод, ҳаҷв ва амсоли инҳо»-ро15 баррасӣ намуда, бузургии шоирро нишон диҳад.Дар боби охирини китоб «Мақоми Рўдакӣ» мулоҳизаҳои дар бораи мақому манзалати шоир баён кардаи суханварони асрҳои Х –ХУ форсу тоҷик, муаллифони сарчашмаҳои адабиву таърихӣ, шарқшиносону муҳаққиқони Ғарбу Шарқ баррасӣ шудаанд. Дар хотима хидматҳои бузурги Рўдакӣ дар ташаккулу пешрафти адабиёти форсу тоҷик, ташаккулу такомули навъҳои шеър, эҷоди сабки хуросонӣ ва рушди забони форсии дарӣ нишон дода шудааст.
Асари мазкур дарвоқеъ на танҳо тўҳфаи шоистае ба ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ буд, балки тадқиқоти барҷастае дар адабиётшиносии тоҷик ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки он мавриди писанди муҳаққиқону хонандагон қарор гирифт, ки тақризҳои зиёди дар матбуот чоп шуда гувоҳи онанд. Аз ҷумла эроншиноси маъруф Эраҷи Афшор дар маҷаллаи «Роҳнамои китоб» асарро ба таври муфассал ба хонандагони эронӣ муаррифӣ намудааст. Эроншиноси маъруфи чех Иржи Бечка дар тақризи худ, ки ба забони англисӣ ба табъ расондааст, ба асари А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор