Равзанаи адаб

Мирзоев баҳои баланд додаст. Гувоҳии дигари таваҷҷўҳ ба ин асар он аст, ки китоби мазкур соли 1968 дар нашриёти «Наука»-и шаҳри Москва дар тарҷумаи русии М.Н. Усмонов ба табъ расид.
Ба ин нашр муаллиф сарсухани нав навишта, дар бораи асарҳое, ки пас аз чопи китоб дар бораи Рўдакӣ ба табъ расидаанд, маълумот дода, ба тақризҳое, ки роҷеъ ба китоб чоп шудаанд, ишора менамояд.
Тафовути дигари нашри русӣ аз нашри тоҷикии китоб дар он аст, ки дар охири он тарҷумаи русии рисолаи «Рўдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои Х – ХУ», ки дар Душанбе қаблан ба ҳуруфи форсӣ ва забони русӣ дар шакли китобчаҳои алоҳида чоп шуда буд, ҷой дода шудааст.
Дар остонаи ҷашни 1100-солагии Рўдакӣ инчунин чанд мақолаи А. Мирзоев дар маҷаллаву маҷмуаҳо ба табъ расиданд.
Дар мақолаҳои «Мероси адабии Рўдакӣ ва ашъори тоза ба даст даромадаи ў», ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ»(1958, №4, саҳ. 66- 77) чоп шудааст, «Мероси адабии Рўдакӣ ва чигунагии нашри ҳозираи он» дар маҷмуаи «Осори Рўдакӣ» ва «Пешгуфтор» дар китоби «Осори Абў Абдулло Рўдакӣ»(ба ҳуруфи форсӣ ), «Нашри осори гузаштагон ва ҳамасрони Рўдакӣ» дар «Ашъори ҳамасрони Рўдакӣ» муаллиф дар асоси маълумоти сарчашмаҳо шоири хеле пурмаҳсул будани Рўдакиро таъкид намуда, аз таърихи ҷамъоварии ашъори ў ва муосиронаш дар кишварҳои Шарқу Ғарб ёд мекунад ва маъхаз, миқдор ва таркиби ашъори ба даст даромадаи шоир ва шеваи нашри онҳоро нишон медиҳад.
Мақолаҳои «Назаре ба ҳаёти устод Рўдакӣ» («Шарқи сурх», 1958, № 10, саҳ. 46-76) ва «Рўдакӣ ва ҷараёни зиндагии ў»
(маҷмуаи «Рўдакӣ ва замони ў», 1958, саҳ. 20-57) шарҳи ҳоли Рўдакиро дар бар гирифта, баъдтар боби сеюми китоби «Абў Абдулло Рўдакӣ»-ро ташкил доданд.
А. Мирзоев тадқиқи аҳволу осори Рўдакиро дар солҳои баъд низ идома дода, чанд мақолаи дигар ба табъ расондааст. Аз ҷумла соли 1968 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» мақолаи ў таҳти унвони «Боз як нусхаи қалбакии ашъори Рўдакӣ» ба табъ мерасад. Дар мақола нусхаи хаттии «Маҷмуаи шуаро», ки таҳти рақами 322 дар Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Салтиков – Шедрини Санкт-Петербург маҳфуз аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Пас аз тавсифи нусха маълумоти дар бораи Рўдакӣ додаи маҷмуа, ки нисбат ба ахбори Давлатшоҳ тозагие надорад, нақл гардида, матлаи 38 қасида ва қитъаи шоир оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор