Равзанаи адаб

Китоби «12 лавҳа» (12 миниатюр), ки соли 1966 ба табъ расид, аз муқаддима ва 12 боб иборат буда, дар ҳар боб аҳволу осори як шоири маъруфи қарнҳои Х - ХУ форсу тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Боби аввали китоб «Одамушшуаро» ном дошта, ба рўзгору осори Рўдакӣ тахсис ёфтааст. Дар ин боб И.С.
Брагинский ба таври хеле мухтасар муҳити таърихии рўзгори шоирро ба қалам дода, тарҷумаи ҳоли ўро меоварад ва сипас ба таври муфассал ашъори боқимондаи Рўдакиро аз лиҳози мавзўъу мундариҷа ва сабку баён таҳлил менамояд. Зимнан дар бораи андешаҳои адабиву эстетикии шоир низ сухан рафтааст. Мақолаи мазкур ҳамон сол дар маҷаллаи «Звезда Востока» низ ба нашр мерасад.
Соли 1972 маҷмўаи мақолаҳои И.С. Брагинский «Аз таърихи адабиёти тоҷик ва форс» бо пешгуфтори Б. Ғафуров ба табъ мерасад8, ки дар он ду мақолаи ба Рўдакӣ бахшидаи муаллиф ҷой дода шудааст, ки яке «Дар бораи пайдоиши ғазал дар адабиёти форсу тоҷик» ва дигаре «Оид ба маҳорати Рўдакӣ»
унвон гирифтааст. Ҳар ду мақола бо таҳриру такмил чоп шудаанд.
Дар китоби «Ахтарони назм», ки мураттиб ва муаллифи пешгуфтори он И.С. Брагинский мебошад, тарҷумаи русии беш аз
50 шеъри пурра ва нотамоми Рўдакӣ ҷой дода шудааст. Китоб бо пешгуфтори «Шеъри аҳди эҳё» шурўъ мешавад, ки дар он чи тавре, ки И.С. Брагинский ишора кардааст, ба ошкор намудани сарнавишти шоирии Рўдакӣ амдан дар ин мақола ҷои бештар ҷудо шудааст, зеро он ба сарнавишт, такомулу ҷанбаҳои кулли шеъри классикони тоҷик равшанӣ меандозад ва ин барои дарки беҳтари офаридаҳои манзуми классикони бузурги дигар мадад мерасонад.
Дар пешгуфтори мазкур бештар аз ҳама ба робитаи Рўдакӣ ба зодгоҳу мардуми диёраш ва осори бадеии халқ, ки мабдаъу маншаи ашъори шоир мебошанд, таваҷҷўҳ зоҳир шудааст. Чунин равиш дар муқаддимаи китоби «Шеъри тоҷику эронӣ» низ, ки ба қалами И.С. Брагинский тааллуқ дорад, ба назар мерасад. Асари тадқиқотии «Аз Авесто то Айнӣ», ки соли 1981 дар ш.
Душанбе ба муносибати 75-солагии И.С. Брагинский нашр шуд, таърихи адабиёти тоҷикро аз замонҳои қадим то имрўз дар бар мегирад. Дар ду боби ин китоб, ки қаблан ҳамчун муқаддима ва мақолаи ҷудогона ба табъ расида буд, аз аҳволу осори Рўдакӣ сухан рафтааст. Дар боби «Шеъри оламшумул» И.С. Брагинский сайре ба таърихи шеъри форсиву тоҷикии асрҳои Х – ХУ намуда, бештар дар бораи ашъори Рўдакӣ сухан рондааст. Дар боби чоруми китоб мақолаи «Одамушшуаро» ҷой дода шудааст.
Китоби «Мероси адабии эронӣ» тадқиқоти беш аз панҷоҳсолаи И.С. Брагинскийро дар боби адабиёти форсу тоҷик аз замони бостон то асри ХУ ҷамъбаст менамояд. Тавре ки муаллиф дар пешгуфтори китоб ишора кардааст, мўҳтавои он бар се китоби қаблан чопшудаи ў асос ёфтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор