Равзанаи адаб

Боби панҷуми асар, ки «Ибтидо. Рўдакӣ асосгузори шеъри форсизабон» ном дорад, таҳқиқи аҳволу осор, навъҳои ашъор, мавзўоти асосии онҳоро дар бар мегирад.
Дар мақолаҳои дигари И.С. Брагинский, ки доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикии тоҷику форс иншо гардидаанд, низ ба Рўдакӣ ишораҳо рафтааст. И.С. Брагинский дар нашри осори Рўдакӣ низ заҳмати зиёде ба харҷ додааст.
Дар воқеъ, хидмати И.С. Брагинский дар таҳқиқи аҳволу осори Рўдакӣ, ба хусус ҳунари шоирии ў хеле калон аст.
Дар китоби «Абу Абдуллох Ҷаъфар Рўдакӣ», ки с. 1989 дар ш.
Маскав ба табъ расид, таҳқиқоти роҷеъ ба Рўдакӣ дар тўли солҳои зиёд анчом додаи И.С. Брагинский ҷамъбаст гардидааст.
13 Дар муқаддима, ки «Роҳ ба шинохти шоир» унвон дорад, дар бораи зодгоҳи Рўдакӣ ва замони ў сухан меравад. Боби аввал «Роҳи ҳаёти Рўдакӣ» шарҳи ҳолу осори шоирро дар бар мегирад.
Муаллиф дар асоси маълумоти сарчашмаҳо лаҳзаҳои муҳимми зиндагии шоирро равшан намуда, мавзўъҳои асосии осори боқимондаи ўро баррасӣ мекунад. Боби дуюми китоб «Маҳорати шоирии Рўдакӣ» таҳлили сабки ашъори боқимондаи шоирро дар бар мегирад. Хотимаи китоб «Мақоми Рўдакӣ дар назми форсизабони классикӣ» ном дошта, дар бораи маншаи осори шоир ва шоирони пешгузаштаву муосираш баҳс менамояд ва муҳимтарин ҷанбаҳои осори ўро нишон медиҳад. Дар қисмати «Иловаҳо» тарҷумаи русии ашъори Рўдакӣ ва ҳамасронаш оварда шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор