Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

14 Дар бораи аҳволу осори И.С. Брагинский ба асарҳои зер руҷўъ шавад: Миллибанд Д.
Библиографический словарь советских востоковедов. М., 1975; Иосиф Самуилович Брагинский. Библиография., Д., 1966; Миллибанд С.Д. Список работ членакорреспондента АН Тадж.ССР, проф. И.С.Брагинского.
Народы Азии и Африки, 1975, №3; Азизқулов Ҷ. Марди шариф, олими шаҳир, рўзномаи «Маориф ва маданият»; 1965, 13 май; Афсаҳзод А. Дўст ва сабақомўз, маҷ. «Садои Шарқ, 1975, № 7; Шукуров М. Пири илм, рузн. «Маориф ва маданият», 1980, 5 июн.

Аламбардори илму фарҳанг

Аз таърихи илм маълум аст, ки дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна аксари донишмандон зуфунун буда, соҳаҳои гуногуни илмро фаро мегирифтанд ва дар ҳар соҳа кашфиёту ихтироот ҳам мекарданд.
Арастуву Афлотун, Ибни Синову Абўрайҳони Берунӣ, Форобиву Закариёи Розӣ ва амсоли онҳо аз ҳамин зумра буданд.
Дар асрҳои минбаъда, ба хусус дар асри ХХ илм ба шохаҳои зиёд ҷудо шуда, ихтисоси донишмандон низ хеле маҳдуд гардид. Вале ба нудрат дар ин давра ҳам донишмандони зуфунун по ба арсаи васеи илм ниҳода, дар чанд соҳа фаъолият менамоянд. Тааҷҷубовар аст, ки таҳқиқоти ин донишмандон бо умқу вусъат ва баёни андешаҳои тозаи илмӣ мумтоз мебошад, ки осори яке аз ховаршиносони бузурги асри ХХ В.В. Бартолд далели барҷастаи он аст.
Аз донишмандони асри ХХ тоҷик метавон пеш аз ҳама устод Садриддин Айниро ёдовар шуд, ки муҳаққиқи барҷастаи соҳаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърихшиносӣ, сиёсатшиносӣ, мусиқишиносӣ ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.
Донишманди маъруф Аҳрор Мухторов низ аз ҳамин зумраи олимон аст, ки дар чандин соҳаи илм фаъолияти пурдомана намуда, осори фаровоне таълиф ва чоп кардааст ва бешубҳа аз пурсамартарин донишмандони муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Ў дар соҳаҳои таърихшиносӣ, сарчашмашиносӣ, нусхашиносӣ, адабиётшиносӣ, матншиносӣ, эроншиносӣ, ҳиндшиносӣ, афғоншиносӣ ва ғайра беш аз 75 китоб ва 550 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ офаридааст.

пешина
аз 625
навбатӣ