Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, Аҳрор Мухторов пеш аз ҳама таърихшиноси мумтоз буда, на танҳо дар илми тоҷику кишварҳои ИДМ, балки дар арсаи илми ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосе дорад. Ба узвияти чандин марказҳои байналмилалии илмӣ пазируфта шудани ў, ба китоби «500 арбоби бонуфузи ҷаҳон» ворид гаштани номаш, ба унвони ифтихории «Инсони соли 1995» дар ИМА интихоб гардиданаш ва амсоли инҳо гувоҳи он аст.
Аҳли илму адаб Аҳрор Мухторовро чун адабиётшиноси пуркору дақиқсанҷ низ мешиносанд. Донишмандони зиёде ба фаъолияти адабиётшиносиву фарҳангшиносии ў ишора намуда, арзиши баланди осори ба адабиёту фарҳанги мардумони Шарқ бахшидаи ўро таъкид кардаанд. Аз ҷумла таърихшиноси варзида Ҳ.Дўстов дар ин бора навиштааст: «Як ҷиҳати фарқкунандаи Аҳрор Мухторов нисбат ба дигар таърихнависон аз он иборат аст, ки ў адабиётшиноси хуб ҳам ҳаст.
Бозёфтҳои тозаи мисраъҳои Абўабдуллои Рўдакӣ аз кишвари Ҳиндустон ва муайян кардани мавқею мақоми ин бузургвор дар ин сарзамини пурасрор, бозёфти мероси гаронбаҳои Камоли Хуҷандӣ, паҳлўҳои ноаёну шарҳи ҳоли Носири Хусрав, табсираи катибаи рўйи санги Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар бузургони адабиёти тоҷик дар он мамлакат, рўйнависи катибаҳои рўйи санги мазори ҳазрати Ҷомӣ ва Ҳилолии бузургвор ва чандин тадқиқоти дигари ў, дар бораи шоирони классики тоҷик ба аҳли фазли олам маълуманд.» Донишмандони маъруф Иржи Бечка, А.М.Беленитский, А.Н.Болдирев, И.Брагинский, М.Н. Усмонов, М.Занд, Б.Фрагнер низ ба саҳми калони А.Мухтров дар таҳқиқи адабиёти фарҳанги Шарқ ишора кардаанд.
Аз қадамҳои аввал ба арсаи илм таваҷҷўҳи А.Мухторовро фарҳанги ғаниву бостонӣ ва гуногунпаҳлўи тоҷик ба худ ҷалб намудааст.
Яке аз чунин падидаҳои фарҳангӣ, ки комилан ношинохта ва аз назари муҳаққиқон дур монда буд, катибаҳо ба шумор мерафтанд. Катибаҳо дар воқеъ таҷассуми донишу хиради мардум буда, дар онҳо масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, зебошиносиву балоғат, хушнависиву хаттотӣ ва амсоли онҳо инъикос ёфтаанд. Аз сўи дигар касе ба ҷамъоварии онҳо машғул нашуда буд. А.Мухторов бо ҷуръату ҷасорати қатъӣ ба ин роҳи душвор қадам ниҳод ва қисмати умдаи умри худро сарфи ҷамъоварӣ ва тадқиқи ин ёдгори беназири фарҳангии ниёгон намуд. Натиҷаи заҳматҳои зиёди ў даҳҳо мақолаву суханрониҳои илмӣ дар симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ ва ниҳоят нашри монографияи дуҷилдаи «Ёдгориҳои эпиграфии Кўҳистон» гардид.
Монографияи мазкур яке аз муҳимтарин тадқиқотҳо доир ба таърихи саргаҳи водии Зарафшон дар асрҳои миёна мебошад. Зеро дар ин китоб тақрибан 200 катибаи гуногун ҷамъоварӣ ва ҳарҷониба таҳқиқ шуда, як қатор масъалаҳо ва ҳодисаҳои муҳими таърихи ин сарзамин муайян гардиданд. Аксари катибаҳое, ки дар китоб мавриди таҳлили амиқ қарор

.21-Аҳрор Мухторов. Асрори номаҳо, Душанбе, «Афсона», 1988, саҳ. 11 1 гирифтаанд, дар натиҷаи заҳматҳои зиёди худи муаллиф ҷамъоварӣ шуда, дар олам беназиранд ва барои ҳалли масъалаҳои таъриху фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигар низ мадад мерасонанд.

пешина
аз 625
навбатӣ