Равзанаи адаб

Дар китоб на танҳо ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии Кўҳистон баррасӣ гардидаанд, балки ному рўзгор ва осори як зумра фарҳехтагоне, ки дар офаридани ёдгориҳои беназир саҳм гузоштаанд, барқарор карда шудаанд. Аз ин ҷост, ки ба китоби мазкур дар кишварҳои гуногун тақризҳои зиёде ба табъ расиданд, ки муаллифони ҳамаи онҳо асарро тадқиқоти барҷастаи беназир донистанд ва барои ин рисола А.Мухторов ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои тоърих ноил гардид.
Асари дигари А.Мухторов, ки аз лиҳози мавзўъ ба таҳқиқоти ў робитаи зич дорад, китоби «Санг ҳам диле дорад» мебошад, ки онро метавон аз беҳтарин асарҳои илмиву оммавии тоҷик дар солҳои охир донист. Ин китоб аз заҳмату талошҳои фаровони чандинсолаи донишманди тоҷик дар роҳи пайдо кардани катибаҳои гуногун, садоқату дилбастагии ў ба фарҳангу ҳунари мардум ҳикоят мекунад.
Муҳаққиқонро зарур аст, ки ин асарро ба таври амиқ омўхта, жанру навъи онро муайян намоянд. Дар ин асар омезиши хусусиятҳои чандин илм, аз ҷумла таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, палеография, петрография, назмшиносӣ, мардумшиносӣ, фолклор, забоншиносӣ ва амсоли онҳо ба назар мерасанд. Илова бар он дар асар завқу салиқаи баланд, эҳсоси латифи зебописандиву башардўстии донишманди нуктасанҷу васеъназир ифода шудаанд. Ин асар барои муҳаққиқони соҳахои гуногуни илм метавонад чун сарчашмаи беназире хидмат намояд. Мутолиаи асар хонандаро бо таърихи фарҳанги бою нотакрори мардум ошно намуда, эҳсоси зебописандии ўро парвариш медиҳад. Ба назари мо худи ҳамин асар кофист, ки ба муаллифи он ҷоизаи давлатии Абўалӣ ибни Сино ё Рўдакӣ дода шавад. Ин ҷо беихтиёр китобчаи илмиву оммавии ховаршиноси маъруфи рус И.Ю.Крачковский «Дар сари дастхатҳои арабӣ» ба хотир меояд, ки соли 1951 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардида буд. Зимнан бояд гуфт, ки ин ду асар умумиятҳои зиёде дошта, ба ҳам монанд ва ҳамсанганд.
Аз ҷумла дар ҳар ду асар аз бозёфту кашфиёти онҳо ва роҳҳои душвори ба даст оварданашон сухан рафтааст. Яке аз кашфиёти муҳимми А.Мухторов сангнавиштаи Бобур аст, ки таваҷҷўҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст. Тавре ки маълум аст, Заҳириддини Бобур аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон буда, чун бунёдгузори давлати темуриёни Ҳиндустон дар густариши забон ва адабиёти тоҷику форс низ нақши калон бозидааст.
Бинобар ин барқарор кардани ҳар сафҳаи рўзгору осори ў хеле муҳим аст. Аз ин ҷост, ки А.Мухторов аз даврони ҷавонӣ ба аҳволу осори бОбур таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, дар баррасии онҳо заҳмату кўшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Ин заҳматҳои донишманд самар доданд ва ба ў кашфиёти таърихиву фарҳангие насиб гардид, ки ба вай шўҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Бозёфти сангнавиштае, ки бо дасти Бобур дар Оббурдон канда шудаанд, ба А.Мухторов имкон доданд, ки як давраи муҳимми рўзгори Бобурро равшан намуда, чандин муаммои аҳволи ўро боз кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор