Равзанаи адаб

Аз ҷумла дар асоси он катибаҳо А.Мухторов таърихи сафарҳои Бобурро ба таври дақиқ муайян карда, ҳатто ба иштибоҳҳои худи Бобур дар нишон додани таърихи катибаи машҳураш аз абёти Саъдӣ ишора намудааст. Он катибаи машҳур, ки соли 1960 ҳангоми баргузории Конгресси ХХV шарқшиносони ҷаҳон дар толори Донишгоҳи Ломоносови шаҳри Москва ба маърази намоиш гузошта шуда буд, таваҷҷўҳи на танҳо ширкаткунандагони он кунгураи бонуфуз, балки ҳамаи аҳли илму фарҳангро ҳам ҷалб намуд. Чунин бозёфтҳои ҷолиби А.Мухторов хеле фаровон буда, як ганҷинаи сангнавиштаҳоро ташкил кардаанд, ки дар Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд.
Дар китоби «Санг ҳам диле дорад» инчунин аз бозёфтҳои дигари донишманди ҷўянда, арзиши онҳо ва роҳҳои пайдо карданашон сухан рафтааст.
Кашфиёту бозёфтҳои академик А.Мухторов дар заминаи таърихи адабиёти тоҷик низ хеле ҷолиб буда, барои равшан намудани гўшаҳои торики он судманданд. Ў ҳамчунин перомуни масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт дар матбуоти даврӣ баҳсҳо намуда, дар ҳалли муаммоҳои зиёди адабиёти форсу тоҷик саҳм гузоштааст. Мулоҳизаҳои ў роҷеъ ба рўзгору осори Рўдакӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедил, Зебуннисо, Накҳат, Дилшоди Барно, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Лоиқ ва амсоли онҳо хеле пурарзиш мебошанд.
Тавре ки маълум аст, то солҳои 60 асри ХХ дар бораи шоира Дилшоди Барно дар адабиётшиносии тоҷик маълумоте набуд. Аввалин хабарҳо оид ба ин шоираи озодандеш, ки дар матбуоти он солҳо пайдо шуданд, таваҷҷўҳи А.Мухторовро ба худ ҷалб намуданд ва ў дар пайи ҷустуҷўи осори шоира шуд. Бо кўшишу ҷустуҷуйҳои зиёд ў даҳҳо шаҳру деҳоти Тоҷикистону Ўзбекситонро тай намуда, зарра-зарра маълумот ҷамъ овард ва дар натиҷа китоби «Дилшод ва мақоми ў дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик дар асри ХІХ ва ибтидои асри ХХ» ба вуҷуд омад, ки аввалин тадқиқоти ҷиддӣ дар бораи шоира буд.
Дар ин асар на танҳо лаҳзаҳои рўзгори шоира барқарор гардида, осори боқимондаи ў тавсиф ва аз лиҳози мавзўъ ва муҳтаво таҳлил шудаанд, балки дар бораи муҳити зиндагии ў ва афкору андешаҳои шогирдаш Анбаротун низ маълумоти пурарзиш дода шудааст.
А.Мухторов роҳу василаҳои ҷамъоварии осори Дилшоди Барноро ба таври муфассал баён намуда, барои муайян кардани арзиши нусхаҳо таҳқиқоти палеографӣ мебарад. Муаллиф иқрор мешавад, ки дар нусхаҳои мавҷуда хатоҳои зиёди имлоиву грамматикӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо бо гуноҳи котибон рух додааст. Ў мисли баъзе мураттибони ашъори гузаштагон ба тасҳеҳу ислоҳи матн, ки равиши илмӣ нест, машғул намешавад ва ҳатто исбот мекунад, ки худи Дилшод низ хатти хуб надоштааст. Ҳамин иштибоҳот боис шуд, ки дар бораи китоби мазкур баҳсҳои зиёд ба вуҷуд омаданд. Бо ин ҳама то имрўз асари А.Мухторов ягона тадқиқоти ҷиддӣ дар бораи Дишоди Барно буда, симои як зани фозилаву муборизро, ки дар ҳаёти адабиву фарҳангӣ ва иҷтимоии асри ХІХ Осиёи Миёна мақоми шоистае дорад, таҷассум менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор