Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хидмати А.Мухторов дар нашри осори Дилшоди Барно низ хеле калон мебошад. Ў пеш аз ҳама нусхаи аксии осори боқимондаи шоираро дар мулҳақоти монографияи худ ҷой дода, сипас дар шакли маҷмўаи мунтахаб ба хатти имрўзаи тоҷикӣ ба табъ расонд.
Ҳаёт ва осори шоири намоён ибтидои асри ХХ Зуфархон Ҷавҳарӣ низ ҳамеша таваҷҷўҳи А.Мухторовро ҷалб менамояд. Дар китоби «Зуфархон Ҷавҳарӣ», ки андешаҳои таърихшиносро дар бораи паҳлўҳои зиндагӣ ва осори шоир дар бар мегирад, чанд мақолаи А.Мухторов ҷой дода шудаанд. Дар мақолаи аввал «Перомуни шарҳи ҳоли Зуфархон Ҷавҳарӣ» муаллиф андешаҳои худро роҷеъ ба асари адабиётшинос А.Сайфуллоев, «Зуфархон Ҷавҳарӣ» баён намуда, норасоиҳои онро бо далелҳои мустанади таърихӣ нишон медиҳад.
Ў дар зимни мақолаҳои мазкур андешаву пешниҳодҳои судмандро низ сиброз медорад. Аз ҷумла ў таъкид менамояд, ки «асноди дар бойгониҳо гирдомадаро, инчунин ҳуҷҷатҳои дар назди ашхоси алоҳида мавҷударо, ки ғубори таърих гирифтаанд ва ба ин васила мўҳри хомўшӣ ба онҳо зада шудааст, гирди ҳам биёварем, онҳоро дақиқ биёмўзем». Дар мақолаҳои дигари маҷмўа дар хусуси достони «Офтобхон»-и Зуфархон Ҷавҳарӣ, асосҳои таърихии ин достон ва иштибоҳоте, ки дар таҳлили он рўй додааст, дар бораи мукотибаи шоир бо хаттоти маъруфи истаравшанӣ Мурҳусайн ва муносибати Б.Ғафуров ба Зуфархон Ҷавҳарӣ сухан рафтааст. Дар мақолаи «Намунаи як қасидаи Носири Хусрав ва Зуфархон Ҷавҳарӣ» дар бораи матни як қасидаи Носири Хусрав, ки Ҷавҳарӣ рўйнавис кардааст, изҳори назар шудааст. Мақолаҳои маҷмўа паҳлўҳои гуногуни рўзгор ва осори Зуфархон Ҷавҳариро равшан намуда, барои боз ҳам амиқтар омўхтани офаридаҳои шоир мадад мерасонанд.
А.Мухторов дар асарҳои худ на танҳо ҳамеша ба сарчашмаҳои мўътамад такя мекунад, балки ба шинохту муаррифии сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ҳам мепардозад. Аз ҷумла тавре ки маълум аст, «Музокируласҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ аз муҳимтарин ва пурарзиштарин сарчашмаҳои адабии асри XVIII тоҷик маҳсуб мешавад.
Ҳарчанд ин асари гаронбаҳо таваҷҷўҳи донишмандони зиёдро ба худ ҷалб намудааст ва академик А.Мирзоев роҷеъ ба он чанд мақола навишта, дар таълифи асари машҳури худ «Сайидо ва мақоми ў дар адабиёти тоҷик» аз он хеле истифода кардааст, бо вуҷуди ин тазкираи мазкур то ҳол ба қадри кофӣ таҳқиқ нашудааст. А.Мухторов ба ин тазкира амиқтар назар намуда, бозёфтҳои тоза ба даст овардааст. Дар мақолаи «Малеҳо дар бораи мақбараи Гўри Мир» ў қабл аз ҳама дар бораи тазкира ва муаллифи он таваққуф намуда, чанд маълумоти тозаро доир ба он овардааст. Аз ҷумла ў нусхаҳои мавҷудаи тазкираро баррасӣ намуда ба натиҷае мерасад, ки то имрўз 11 нусхаи он маълум аст. Ҳол он ки то он замон муҳаққиқон вуҷуд доштани 8 нусхаи боқимондаро таъйид

.А.Мухторов. Зуфархон Ҷавҳарӣ (андешаҳои муаррих), Душанбе, 2004, саҳ. 1 менамуданд.

пешина
аз 625
навбатӣ