Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маълумоте, ки муаллифи мақола аз нусхаи дар Кобул будаи тазкира овардааст, ҷолиби диққат буда, дар нусхаҳои дигар ба назар намерасанд.
Дар натиҷаи муқоисаи нусхаҳо ў дар бораи миқдори шоирони дар тазкира сабтшуда, тартиби тадвини тазкира ва амсоли инҳо маълумоти тоза додааст.
Тавре ки А.Мухторов ба субут расондааст, арзиши муҳимми тазкираи мазкур боз дар он аст, ки барои муайян кардани ашхоси дар мақбараи Гўри Мири Самарқанд мадфун буда мадад мерасонад. Зеро то вақтҳои охир номи чанде аз шахсоне, ки дар мақбараи мазкур дафн шудаанд, ба аҳли илм маълум набуд.
Ба ин минвол А.Мухторов на танҳо сарчашмаҳои адабӣ, балки осори шоиронро низ дар асарҳои таърихшиносии худ дар мавридҳои зарурӣ истифода бурдаааст. Масалан, дар рисолаи «Курушкада.
Истаравшан, Ўротеппа» барои исботи маънои хона, маҳалро доштани калимаи када байти зерини Фирдавсиро далел овардааст:

Бад-ин бенишон роғу кўҳи баланд
Када сохтанд аз ниҳеби газанд.

А.Мухторов бо аҳли адаб, шоирону нависандагон робитаву ҳамкорӣ дорад. Кашфиёту бозёфтҳои таърихиву адабии ў як зумра шоиронро ба илҳом оварда, боиси офарида шудани чандин шеър гаштаанд. Шоирон Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Алӣ Бобоҷон, Раънои Сафарзод, Мўҳтарам, С.Зикирзода, Шаҳобиддин Шуҷоъ, А.Туробӣ, С.
Одинаев, Шукрӣ Иброҳим, М.Оқилов ва амсоли онҳо дар ситоиши ин донишманду инсони мумтоз шеърҳои самимӣ навиштаанд.
А. Мухторов аз фарҳангшиносони шинохта буда, дар таҳқиқи соҳаҳои гуногуни таърихи фарҳанг саҳми калон гузоштааст. Ў аввалин муҳаққиқест, ки ба ҷамъовари ва баррасии осори хаттоти чирадасти асрҳои XIX-ХХ Осиёи Миёна Мирҳусайн пардохтааст. Маводи ҷамъовардаи худро ў дар рисолаи «Хаттот Мирҳусайн» соли 1994 ба забони русӣ ба табъ расондааст. Аз рисола бармеояд, ки Мирҳусайн хаттота хушқалам ва инсони фозилу соҳибзавқ буда, аз таърихи адабиёти тоҷик огоҳии хуб доштааст. Дар қитъаву нусхаҳои қаламие, ки ў офаридааст, абёти маъруфи Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Саноӣ, Аттор, Ҳофиз, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Бедил, Зебуннисо, Соиб ва амсоли онҳо сабт шудаанд. Тавассути қитъаҳои Мирҳусайн имрўз намунаҳои осори шоирони номашҳуре чун Ҳомиди Урганҷӣ, Амонулло Ҳусайнӣ, Шайх Муҳаммади Омӣ, Солики Истаравшанӣ, Қаттолӣ, Султонхони Адо, Сафо дастрас гаштанд.
Ҳамчун муҳаққиқи барҷастаи мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом» ў роҷеъ ба ин шоҳкори мусиқӣ чандин мақола таълиф намудааст, ки барои таҳқиқи таърихи он хеле судманданд. Зеро то ҳол

. , саҳ.7А.Мухторов. Курушкада. Истаравшан. Ўротеппа, Душанбе, 2000 1 таърихи пайдоиш, ташаккул ва такомули он ҳанўз ба қадри кофӣ таҳқиқ нашудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ