Равзанаи адаб

Дар мақолаи «Восифӣ дар бораи бастакорон, ҳофизон, навозандагон ва раққосон» маълумоти «Бадоеъул воқеъ»-ро доир ба устодони «Шашмақом» дар асри XVI нақл ва баррасӣ намудааст, ки минбаъд ба таҳқиқи таърихи мусиқӣ мусоидат менамояд.
«Оё мақомҳо иваз шудаанд?» ном мақолаи А.Мухторов нигоҳи тозаест ба таърихи «Шашмақом». Ў дар асоси далелҳои сарчашмаҳо ба пайдоиши истилоҳи «Шашмақом» назар афканда, беасосии ақидаи аз «Дувоздаҳмақом» пайдо шудани «Шашмақом»-ро нишон медиҳад ва пешниҳод менамояд, ки «даставвал бояд рисолаҳои мусиқии дар мамлакатҳои ҳамсоя маҳфуз буда омўхта шавад».
Дар мақолаи «Бастакорон, ҳофизон ва навозандагони асри XVI А.Мухторов баробари нишон додани ривоҷи санъати мусиқии тоҷик дар он давра, ҳамчунин бо далелҳои зиёд исбот менамояд, ки ҳунари мусиқии тоҷик мисли забон ва адабиёти он дар Ҳиндустон низ густариш пайдо кардааст. Дар дарбори Бобур ва Бобуриён мутрибону сарояндагони маъруф хидмат мекарданд. Дар мақола чандин далелҳои тоза ва андешаҳои судманд дар бораи санъати мусиқӣ ва «Шашмақом» баён шудаанд, ки барои муҳаққиқони ин соҳа хеле муфиданд.
Китоби «Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон», ки соли 1984 ба табъ расид, на танҳо ҳодисаи муҳимме дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик, балки дар таҳкими робитаҳои ду кишвари дўст ҳам ба шумор мерафт. Зеро дар ин китоб масъалаҳои зиёди адабӣ, илмӣ, фарҳангии марбут ба ин ду кишвар, ки ҳанўз мавриди таҳкиқ қарор нагирифтаанд, таҳлилу баррасӣ шуда, бо сабку забони фасеҳ баён гардидаанд.
Аксари мақолаҳои маҷмўа ҷанбаи маърифатомўзӣ доранд. Аз ҷумла дар мақолаи ба хаттотӣ бахшидашуда на танҳо дар бораи осори хаттотони маъруфи тоҷику форс дар Ҳиндустон, балки дар хусуси арзишу нархи нусхаҳо, аҳамияти тарбиявию ахлоқии қитъаҳои хушнависӣ, сабабҳои ба Ҳиндустон бурдани дастнависҳои тоҷикиву форсӣ низ сухан рафтааст.
Дар баъзе мақолаҳо маълумоти осори хаттии маҳфуз дар китобхонаҳои Ҳиндустон, ки барои равшан кардани лаҳзаҳои ҷудогонаи таърихи халқи тоҷик арзиш доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Муаллиф дар чанде аз мақолаҳо бозёфтҳои худро аз нусхаҳои хаттии маҳфуз дар Ҳиндустон ба қалам додааст. Аз ҷумла дар мақолаи «Бо номи устод Рўдакӣ» дар хусуси дастнависи «Маҷмўаи ашъори шуарои мутақаддимин» сухан ронда, таъкид мекунад, ки дар он 302 мисраи Рўдакӣ низ мавҷуд мебошад, ки 38 мисраи он тоза аст. Албатта, мансубияти он абёти тоза ба Рўдакӣ бояд ҳарҷониба баррасӣ ва таъйин гардад. Вале худи матни ашъори дар он дастнавис ҷой дошта ҳам хеле ҷолиб буда, барои тасҳеҳи осори Рўдакӣ, ки ҳанўз муаммоҳои зиёд
А.Мухторов. Аз таърихи фарҳанги Мовароуннаҳр (маҷмўаи мақолаҳо), 1
Душанбе, 2001, саҳ.73.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор