Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дорад, судманд аст. Ҳоло мо бо ишора ба як мисол иктифо менамоем, ки то чӣ андоза муҳим будани онро нишон медиҳад. Дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рўдакӣ масъалаи чӣ тавр рехтани дандонҳои шоир мавриди баҳси муҳаққиқон қарор гирифтааст. Масалан, антропологи маъруф М.М.Герасимов аз тасвири шоир натиҷа гирифтааст, ки дандонҳои ў якбора рехтаанд. А.Тоҳирҷонов барои рад кардани ин андешаи нодуруст аз забони ҳозираи тоҷикӣ далелҳо оварда буд. Ҳол он ки якбора нарехтани дандонҳояшро худи шоир дар ҳамон қасида таъкид кардааст, ки ин танҳо дар матни пайдокардаи А.Мухторов дар Ҳиндустон мавҷуд аст: «Яке намонд кунун, паи ҳам бисуду бирехт».
Мутаассифона, рўдакишиносон то имрўз матни пайдокардаи А.Мухторовро ба таври ҷиддӣ наомўхта, мавриди истифода қарор надодаанд.
Бозёфти дигари А.Мухторов аз захираҳои дастхатҳои Ҳиндустон «Девони Мавлоно Аҳмади Хуҷандӣ» мебошад, ки дар Музейи миллии Деҳлӣ маҳфуз аст. Бори аввал аҳли илму адаб ва ханандагони тоҷик тавассути мақолаи А.Мухторов бо ин шоир ва намунаи осори ў шинос шуданд.
Таваҷҷўҳи А.Мухторовро дар зимни сафари Ҳиндустон осори занони суханвар низ ҷалб намудааст. Ў аз нусхаҳои хаттӣ осори бонувонро ҳам ҷустуҷў намуда, шеърҳои тозаи Саида бинти Носир, Дилшодхотун, Меҳрӣ, Ниҳонӣ, Нурҷаҳонбегим, Зебуннисоро пайдо кардааст.
Ба ин тартиб А.Мухторов аз осори даҳҳо шоирони номашҳуре, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд, намунаҳо овардааст, ки онҳо минбаъд ба муҳаққиқон барои омўхтани масъалаҳои таърихи адабиёт ва равобити фарҳангии тоҷику ҳинд мадад мерасонанд.
А.Мухторов ба масъалаи робитаҳои фарҳангии тоҷикон ва бародарони ҳамзабону ҳамтабор ва ҳамоини худ эрониҳо низ таваҷҷўҳи зиёд дорад. Дар мақолаҳои зиёди ў, ки дар маҷаллаву маҷмўа ва нашрияҳои Эрон ба табъ расидаанд, аз умумияти таърихиву фарҳангии тоҷикону эрониҳо ва саҳми онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ сухан рафтааст.
Китоби А.Мухторов дар бораи таърихи Балх бо сифати баланд дар Теҳрон чоп шуд ва мавриди пазироии хуб гардид.
А. Мухторов узви Анҷумани устодони забону адаби форсӣ ва эроншиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз буда, дар чандин ҳамоишҳои илмии Эрон ширкат ва суханронӣ кардааст. Таҳти роҳнамоии ў чандин муҳаққиқони ҷавони эронӣ рисолаҳои докторӣ менависанд.
Бо саъю кўшиши А.Мухторов дар Эрон китоби маъруфи «Тоҷикон»-и Б.Ғафуровро бо теъдоди зиёд бо ҳуруфи форсӣ ва кириллӣ чоп шуд. Дар бораи ин ҳодисаи муҳимми фарҳангӣ ў навиштааст: «Чопи асари Б.Ғафуров дар ин мамлакати ба мо дўст бори дигар пайванди забон, тамаддун ва таърихи халқи тоҷикро бо мардуми эронзамин исбот мекунад».

. А.Мухторов. Аз таърихи фарҳанги Мовароуннаҳр, Душанбе, 2001, саҳ. 1 Ҳамин тавр саҳми академик Аҳрор Мухторов дар таҳқиқу баррасӣ ва равшан намудани масъалаҳои зиёди таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик ва равобити адабиву фарҳангии он хеле калон буда, аз чашмандози васеи илмии ин донишманди мумтоз ва аламбардори илми тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

пешина
аз 625
навбатӣ