Равзанаи адаб

Ховаршиноси мумтоз
Ҳар гоҳ ки сухан аз омўзиши рўзгори Фирдавсии бузург ва "Шоҳнома"-и безаволи ў ба миён ояд, пеш аз ҳама номи шарқшиноси маъруфи шўравӣ Муҳаммаднурӣ Усмонов ба хотир мерасад. Зеро ин донишманди пуркору шинохта солҳои зиёди умри пурбаракати худро баҳри тадқиқу баррасии ин шоҳасари адабиёти олам бедареғ сарф намудааст. Солҳои тўлонист, ки ў дар баҳри беканори "Шоҳнома"
ғаввосӣ намуда, дурру марворидҳои бешумори онро бо ҳама ҷилову шаҳоматаш ба муштоқони адабиёт намоиш медиҳад.
Ҳамин "Шоҳнома"-и безавол буд, ки ҷавони доғистониро пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Москва дилбохтаи адабиёти тоҷику форс кард ва водор намуд, ки ў ҳастии худро ба ин адабиёт пайваста, аз сарчашмаҳои файзбори он ғизо гирад, аз ҳавои гулистону бўстони бехазонаш нафас кашад.
Муҳаммаднурии ҷавон ҷустуҷўйҳои аввалини илмии худро дар рисолаи "Мақоми "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар адабиёти асрҳои IX-X тоҷик" ҷамъбаст намуда, соли 1954 ба муҳокимаи шарқшиносон пешниҳод кард.
Ҳарчанд доир ба "Шоҳнома" то он дам чӣ дар адабиётшиносии Эрон ва чӣ дар ховаршиносии шўравию хориҷӣ мақолаву рисолаҳои зиёде таълиф шуда буд, вале асари М. Усмонов бо фаро гирифтани далелу санадҳои тоза, андешаву мулоҳизаҳои ҷолиб, таҳлилу муҳокимаҳои амиқ фарқ мекард ва моҳияти "Шоҳнома"-ро ҳамчун бузургтарин достони қаҳрамониву башардўстона на танҳо дар адабиёти тоҷику форс, балки дар адабиёти ҷаҳон ба субут мерасонд. Ба рисола ҳамчун самараи расидаи яке аз навниҳолони боғи шарқшиносии шўравӣ баҳои баланд дода шуд ва муаллиф сазовори унвони номзади илми филология гардид.
М. Усмонов бо рўҳбаландиву шавқи тамом ба омўзиши паҳлўҳои гуногуни адабиёти тоҷику форс машғул шуд, вале "Шоҳнома" ҳамеша дар мадди назари ў буда, тадқиқи онро пайваста идома медод.
Мақолаҳои ў аз қабили "Асарҳои эпикии қаҳрамонии "Худойнома" ва "Шоҳнома" ҳамчун сарчашмаи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ", "Доир ба баъзе санаҳои роҳи ҳаёти Фирдавсӣ", "Қайдҳои матншиносӣ оид ба "Шоҳнома", ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд ва рисолаи "Фирдавсӣ. Ҳаёт ва эҷодиёт", ки соли 1959 дар Москва ба табъ расидааст, гувоҳи он мебошанд.
Дар баробари тадқиқи "Шоҳнома" М. Усмонов ҳамчунин ба таҳияи матни илмиву интиқодӣ ва тарҷумаву нашри он низ диққат медод. Ў матни илмиву интиқодии "Шоҳнома"-ро дар 9 ҷилд бо ҳамкории шарқшиноси номӣ Е.Э.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор