Равзанаи адаб

Бертелс ва Р.М. Алиев ва тарҷумаи русии достонро дар ду ҷилд бо тавзеҳоти муфассал ба чоп омода намуд. Зимнан бояд гуфт, ки нашри илмиву интиқодии "Шоҳнома" на танҳо дар шарқшиносии шўравӣ ҳодисаи муҳиме ба шумор мерафт, балки дар матншиносии олам низ шўҳрати калон пайдо кард. Беҳуда нест, ки донишмандони эронӣ ҳам дар асоси нашри мазкур бо ҳамкории М.
Усмонов ва дигар шарқшиносони шўравӣ ба нашри илмиву интиқодии достон шурўъ намуда, чанд ҷилди онро дар Теҳрон ба табъ расониданд.
Таҳияи матни илмиву интиқодии "Шоҳнома", ки қариб ҳазор сол пеш аз ин эҷод шуда, беш аз 60 ҳазор байтро дар бар мегирад ва нусхаҳои бешумори он дар китобхонаҳои олам маҳфуз буда, дорои тафовути зиёд мебошанд, дар ҳақиқат кори басо заҳматовар аст ва аз мураттибон дониши амиқу ҳавсалаи дақиқро дархост менамояд. Ин кор барои М.
Усмонов ва ҳамаи матншиносони шўравӣ як мактаби муҳими эҷодӣ буд.
Аз ин ҷост, ки таҷрибаҳои андўхтаи худ ва ҳамкоронашро дар таҳияи матни илмиву интиқодии достони мазкур М. Усмонов дар мақолаҳояш "Аз таҷрибаи кори матншиносӣ бар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ" ва "Матншиносии осори Шарқи Наздик дар Иттиҳоди Шўравӣ ва усулҳои асосии он (дар асоси маводҳои матншиносии осори эронӣ)" баён намудааст, ки онҳо барои муайян ва муқаррар кардани усулҳои матншиносии осори шарқӣ аҳамияти калони назариву амалӣ доранд.
Чандин сол аст, ки таҳти сарварии М. Усмонов гурўҳи калони кормандони илмии Институти шарқшиносии АФ Иттиҳоди Шўравӣ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АФ Тоҷикистон ба тартибу таҳияи "Фарҳанги "Шоҳнома" машғуланд, ки он бешубҳа барои тадқиқи амиқтари ин шоҳасар ва ошкор сохтани шаҳомату ғановати он хеле судманд хоҳад буд.
Чашмандози илмиву эҷодии М. Усмонов хеле васеъ буда, тадқиқи аҳволу осори адибони асрҳои гуногун, масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти тоҷику форс, тарҷумаву таҳрири намунаҳои барҷастаи ин адабиёт ва як қатор масъалаҳои дигари илмиву фарҳангии мардуми Шарқро фаро мегирад.
Рисолаи доктории М. Усмонов "Сабки шеъри тоҷику форс дар асрҳои IX-X", ки соли 1974 дар шакли китоби алоҳида ба табъ расид, аз асарҳои барҷастае дар услубшиносии Шарқ буда, барои тадқиқу таҳлили сабки давраҳои гуногуни таърихи адабиёти тоҷику форс ва адабиёти халқҳои дигар чун раҳнамое хидмат мекунад. Чунон ки маълум аст, тадқиқи масъалаҳои назарияи адабиёт, аз ҷумла сабку услуб ва жанру шаклҳои адабӣ дар шарқшиносӣ хеле ба сустӣ сурат мегирифт. М.
Усмонов пеш аз он ки масъалаҳои тип, метод ва услуб дар адабиёти асрҳои IX-X тоҷику форсро баррасӣ намояд, аввал худи мафҳумҳои мазкурро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Дарвоқеъ дар илми адабиётшиносӣ ҳанўз таърифи бисёр мафҳуму истилоҳҳо аниқ муайян нашудааст. Аз ин ҷост, ки М. Усмонов барои равшан намудани масъала дар ин хусус баҳс кушода, то ҳадди имкон мафҳумҳои тип, метод, услубро маънидод мекунад ва таърифу ҳудуди истеъмоли онҳоро муқаррар месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор