Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бахши дувуми китоб «Д.С.Лихачев – муаллифи нашрияҳои академӣ» ном дошта, баррасии осори илмии донишмандро, ки дар нашриёти Академияи илмҳои Шўравӣ чоп шудаанд, дар бар мегирад. Нахустин асари Д.С.Лихачев, ки дар нашриёти мазкр ба табъ расидааст, фушурдаи рисолаи номзадии ў дар мавзўи «Солномаҳои асри ХV11 Новгород» буд, ки соли 1941 дифоъ кардааст. Соли 1945 аввалин монографияи олим таҳти унвони «Худшиноси миллӣ дар Руси қадим: очеркҳо аз адабиёти асрҳои Х1 – ХV11 рус» чоп мешавад. Дар китоб муборизаи мардуми рус барои ба даст овардвнми мстиқлоли фарҳангӣ, вазъи фарҳанг дар арафаи ҳамлаи муғул ва масъалаҳои дигари адабиёт ва фарҳанги кишвар ба қалам доа шудаанд.
Дар китоби дигари Д.С.Лихачев, ки соли 1947 бо унвони «Солномаҳои русӣ ва аҳамияти фарҳангиву таърихии онҳо», нашр шудааст, таърихи солносанависӣ, давраҳои тахърихии он, шароити таълиф ва ташаккулу такомули солномахо мавриди баҳс қарор гирифтаанд.
Яке аз муҳимтарин ва қадимтарин осори адабии мардуми рус «Гуфтор дар бораи полки Игор» таваҷҷўҳи Д.С.Лихачевро ҷалбнамуда бцуд ва ў ин ёдгории маъруфро ҳарҷониба таҳқиқ намуда, арзишҳои ғояваву бадеии онро ошкор кард.
Ба ин минвол дар бахши мазкур муҳимтмрин асарҳои Д.С.Лихачев «Пайдоиши адабиёти рус»(1952), «Инсон дар адабиёти Руси қадим»(1958), «Фарҳанги асрҳои Х- ХV11 халқи рус»(1961), «Матншиносӣ (Дар асоси маводи адабиёти асрҳои Х- ХV11), «Фарҳанги Рус дар аҳди Андрей Рублев ва Епифан Премудрий»(1962), «Поэтикаи адабиёти қадими рус»(1967), «Мероми бадеии Руси қадим»(1971), «Рушди адабиёти рус дар асрҳои Х- ХV11. Давраҳо ва сабкҳо»(1973), «Мутаяба дар Руси қадим»(бо ҳаммуаллифии А.М.Панченко,1976), «Назми боғҳо»(1982), «Гузашта барои оянда»(1985), «Баррасиҳои адабиёти қадими рус»(1986), «Номаҳои некӣ»(2006) таҳлил шудаанд.
Муаллиф саъй намудааст, ки ба таври мўҷаз моҳият ва арзиши ҳар асари донишмандро баён созад. Масалан, дар бораи китоби «Инсон дар адабиёти Руси қадим» ў навиштааст: «Дар илми ҷаҳонӣ ин асари олим, ки ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст, ҳамчун таҳқиқоти навоваронаи ёдгориҳои адабиёт ва ҳунар дар заминаи рушди шуури иҷтимоӣ, андешаҳои ахлоқиву эстетикӣ арзёбӣ шуда, яке аз осори классикӣ роҷеъ ба фарҳанги Руси қадим эътироф гардидааст.»(с. 54). Ё худ мўҳтавою моҳияти охирин асари Д.С.Лихачев «Номаҳои некӣ»-ро, ки пас аз фавти

пешина
аз 625
навбатӣ