Равзанаи адаб

муаллифаш интишор ёфтааст, хеле мўҷазу возеҳ баён намудааст:
«Номаҳои некӣ –ин насри бадеву фалсафӣ, хитобаи инсони пуртаҷриба ба ҷавонон, андешаҳо дар бораи гузашта, ҳозира ва оянда, роҷеъ ба одобу фарҳанг, арзишҳои ахлоқиву зебошинохтӣ, дар бораи муносибатҳои мутақобилаи одамон, равобти ҷамъияту табиат, тарбияи худист. Ин китоби ҳикмат – намунаи барҷастаи фарҳанги забони вата наст, ки дар суннати адабиёти классики рус офарида шудааст ва бешубҳа метавонад чун ёдгорибарҷастат адабиёти рус шинохта шавад.»(с. 55).
Дар бахши «Д.С.Лихачев – матншинос, мутарҷим ва мураттиби нашрияҳои академӣ» фаъолияти пурсамари олим ҳамчун узви ҳайати таҳририяи силсилаи «Ёдгориҳои адабӣ», к ибо қарори Раёсати Академияи илмҳои Шўравӣ соли 21948 таъсис ёфта буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар силсилаи мазкур беҳтарин ёдгориҳои фарҳанги рус ва халқҳои дигари олам ба нашр расидаанд. Аз ҷумла тарҷумаи русии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ҳам дар ҳамин силсила ба табъ расидааст. Д.С.Лихачев солҳои тўлонӣ сарварии ҳайъати мазкурро низ ба ўҳда гирифта, дар интишори як зумра шоҳкорҳои адабӣ, таърихъӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ғайра саҳми босазо гузоштааст. Ў илова бар сарварӣ дар таҳияи матни асарҳо ба нашр низ хидмати шоиста ба ҷой овардааст. «Қиссаҳои ҷангии Руси Қадим»(1949), «Қиссаҳои солҳои муваққатӣ»(1950), «Гуфтор дар бораи полки Игор»(1950), «Паёми Иван Грозний»(1951), «Қиссаи ғаму бадбахтӣ»(1984) дар таҳияи Д.С.Лихачев ва бо муқаддимаву тавзеҳоти муфассали ў ба табъ расидаанд.
Дар бахши «Д.С.Лихачев – муҳаррири нашрияҳои академӣ роҷеъ ба 20 китобе, ки бо таҳрири бевоситаи ў интишор ёфтаанд, маълумот дода шудааст. Китобҳои «Сафрҳои сафирогни асрҳои ХV1 – ХV11 рус»(1954), «Ҳаҷви демократии рус дар асри ХV11»(1954), «Ашъори қадимии рус, ки Киршей Данилов ҷамъ овардааст»(1958),»Искандария: Роман дар бораи Искандари Мақдунӣ аз рўи дастнависи аври ХV1»(1968), «Ривоятҳои Византия»(1972), «Достоевский, Номаҳо»(1976), «Александр Бенуа.
Ёддоштҳо»(1980), «Петербург»-и А.Белий(1981) ва амсоли инҳо бо таҳрири ў ба табъ расидаанд.
Д.С.Лихачев дар фаъолияти Шўрои силсилаи таърихи фарҳанги ҷаҳони Академияи илмҳои Шўравӣ низ саҳми калон гузошта, дар нашри солномаҳои «Ёдгориҳои фарҳангӣ. Кашфиёти нав», ки ҳар сол ба табъ мерасад ва дастовардҳои навини донишмандони оламро дари н соҳа фаро мегирад, ширкат варзидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор