Равзанаи адаб

Роҷеъ ба шинохти нусхаҳои хаттии осори адибони
форсизабон
Нусхаҳои хаттӣ аз муҳимтарин падидаҳои фарҳанги ғаниву бостонии мардумони эронитабор маҳсуб мешавад. Зеро маҳз тавассути нусхаҳои хаттӣ имрўз аҳли илм бо кашфиёту дастовардҳои фаровони илмии Ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розиву Муҳаммад
Хоразмӣ, Умари Хайёму Насириддини Тўсӣ, Ғиёсуддин
Кошониву Қутбиддини Шерозӣ ва садҳо донишмандони форсу тоҷик ошно гаштанд.
Дар китобхонаву музейҳо, бойгониву захираҳои гуногуни олам ва китобхонаҳои шахсӣ теъдоди зиёди нусхаҳои хаттии форсиву арабӣ маҳфузанд, ки осори адабӣ дар байни онҳо ҷои муҳимро ишғол менамояд. Ин осор пеш аз ҳама аз девонҳои шоирон, баёзҳо, ҷунгҳо, маҷмўаҳо, тазкираҳо, рисолаҳои илми бадеъ, арўз, қария, қиссаҳо, тафсилҳо, афсонаву ривоятҳо ва амсоли онҳо иборатанд.
Шинохти ин нусхаҳо, феҳристнависӣ ва таҳқиқу нашри онҳо пеш аз ҳама барои муайян кардани осори адибони гузашта хеле зарур аст. Инчунин онҳо барои барқарор намудани тарҷумаи ҳоли адибон, таҳқиқи аҳволи осори онон, вазъу раванди адабиёт ва масъалаҳои дигари таърихи адабиёт хеле судманданд. Илова бар ин, шинохти нусхаҳо барои муайян кардану омўхтани арзишҳои ҳунарии онҳо, бахусус хаттотиву хушнависӣ, миниатурнависӣ ва амсоли онҳо аҳамияти калон дорад.
Шинохти нусхаҳои хаттии форсӣ на танҳо барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёту фарҳанги форсу тоҷик, барои мардумони дигар низ аз аҳамият холӣ нест. Тавре, ки нусхашиноси маъруф О.Ф. Акимушкин таъкид намудааст, маҳз дастнавис нигоҳдорандаи ғамкор ва ноқили эҳтиёткори осори гуногуни фарҳанги маънавии ҳам худи Эрон ва ҳам мардумони ҳамсояе, ки барои онҳо забони форсӣ муддати тўлонӣ ҳамчун забони назму таърихнигорӣ, адабиёти бадеиву санаднигорӣ хидмат кардааст, ба шумор мерафт (1, 330).
Зимнан бояд гуфт, ки барои таҳқиқи адабиёту фарҳанги мардумони форсизабон нусхаҳои хаттии арабӣ низ заруранд, зеро бидуни онҳо шинохти адабиёти гузашта дар баъзе мавридҳо комил нахоҳад буд.
Дар муаррифӣ ва шинохти нусхаҳои хаттӣ бешубҳа феҳристҳои нусхаҳои хаттӣ нақши муҳимро мебозанд. Тавре ки маълум аст, тавсифи илмии нусхаҳои хаттии форсӣ ва таълифу танзими феҳристҳои дастнависҳои форсии китобхонаҳо гуногуни олам дар Аврупо дар қарни XIX оғоз ёфтааст. Дар феҳристнависии нусхаҳои хаттии форсиву арабии маҳфуз дар китобхонаҳои Шарқу Ғарб бахусус хидмати ховаршиносон Ҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор