Равзанаи адаб

Эте, К. Риё, В. Перч, Д.Рос, А.Шпренгер, Э.Блоте, К. Брокелман, Ҳамнер-Пурчистал, В.Иванов, Э. Браун, А. Арберри, А. Кристенсен, М.Шефер, П.Ҳорн, Б. Дорн ва амсоли онҳо хеле бузург аст. Дар қарни ХХ феҳристнависии дастнависҳои форсӣ бештар дар Эрон рушду тавсиа пайдо кард ва донишмандони маъруфи эронӣ Муҳаммадтақии Донишпажўҳ, Саид Нафисӣ, Муҷтабо Минувӣ, Эраҷи Афшор, Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Рукниддин Ҳумоюнфаррух, Маҳдии Баёнӣ, Аҳмади Мунзавӣ, Сайид Абдулло Анвар дар ин кори муҳим саҳми арзанда гузоштанд.
Аз ҷумла, танҳо Муҳаммадтақии Донишпажўҳ беш аз 40 ҳазор нусхаи хаттии маҳфуз дар китобхонаҳои Эрон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро тавсифи илмӣ кардааст.
Феҳристнигории дастнависҳои форсӣ дар Русия, Ўзбекистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар торафт рушду густариш меёбад, ки феҳристи бисёрҷилдаи нусхаҳои хаттии китобхонаҳои шўъбаи дар Санкт-Петербург будаи Институти ховаршиносии АИ Русия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, феҳристи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ўзбекистон, феҳристи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, феҳристи дастнависҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва амсоли инҳо, ки дар 60-соли охир ба табъ расидаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳарчанд то имрўз садҳо ҷилд феҳристи нусхаҳои хаттии форсиву арабӣ ба забонҳои гуногун ба табъ расидаанд, вале онҳо ҳанўз дастнависҳои зиёдеро ки дар китобхонаҳои кишварҳои олам маҳфузанд, дар бар намегиранд. Масалан, дар китобхонаҳои Ҳиндустон, Туркия, баъзе кишварҳои араб дастнависҳои зиёде маҳфузанд, ки тавсифи илмӣ нашудаанд.
Илова бар ин дар китобхонаҳои шахсӣ дастнависҳои фаровоне мавҷуданд, ки кассе аз онҳо хабаре надорад. Ҳол он ки дар байни онҳо нусхаҳое ҳастанд, ки хеле нодир ва гаронбаҳо мебошанд. Барои мисол метавон таърихи пайдо кардани пораҳои китоби «Вомиқ ва Азро»-и Унсуриро ёдовар шуд. Донишманди покистонӣ Муҳаммад Шафеъ нусхаи хаттии арабии «Алкитобулмухтасар мин китобилвақф»-ро ки дар асри Х11 китобат шудааст, ба саҳҳофе медиҳад, ки ҷилди онро иваз кунад. Саҳҳоф мебинад, ки ба ҷои муқова варақҳои коғаз гузошта шудаанд, ки дар онҳо шеърҳо сабт ёфтаанд. Бинобар ин, варақҳоро ба соҳиби китоб месупорад. Муҳаммад Шафеъ пас аз мутолиаи варақҳо дармеёбад, ки онҳо пораҳо аз маснавии гумшудаи «Вомиқ ва Азро»-и Унсурӣ будаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор