Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

(2, 60-61). Ҳамин тавр 372 байти достони мазкур кашф мешавад, ки барои омўхтани осори Унсурӣ ва таърихи маснависароӣ хеле судманданд.
Вақтҳои охир бо саъю кўшиш ва заҳматҳои тўлонии донишманди эронӣ Аҳмади Мунзавӣ нусхаҳои фаровони хаттии китобхонаҳои Покистон тавсифи илмӣ шуда, дар чандин ҷилд феҳристи онҳо ба табъ расид. Кори муҳимми дигаре, ки Аҳмади Мунзавӣ анҷом дод, тартиб додани феҳристи мавзўӣ дар асоси нусхаҳои хатти Покистон буд. Ў феҳристеро таҳти унвони «Саъдӣ бар мабнои нусахи хаттии Покистон» мураттаб ва нашр намуд, ки тавсифи беш аз 100 нусхаи хаттии осори Саъдиро, ки дар китобхонаҳои Покистон маҳфузанд, дар бар мегирад (5).
Вале дастнависҳои фаровони китобхонаву музейҳои зиёди Ҳиндустон ҳанўз тавсиф ва феҳристнависӣ нашудаанд.
Ҳол он ки Ҳиндустон аз бузургтарин ва муҳимтрани марказҳои нигоҳдории нусхаҳои хаттии форсиву тоҷикӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Тавре ки донишманди маъруфи тоҷик Аҳрор Мухторов зимни сафарҳои худ ба ин сарзамин мушоҳида кардааст, дастнависҳои тавсифнашуда дар китобхонаву музейҳо хеле зиёд буда, аксаран дар шароити номусоид нигоҳдорӣ мешаванд (7,4). Ў дар зимни ҳар сафари худ аз ганҷинаҳои нусхаҳои хаттии он сарзамин дурдонаҳо пайдо намуда, тавассути мақолаву гузоришҳои илмии худ манзури аҳли илму адаби тоҷик мегардонад. Аз ҷумла, ў дар музеи Солорҷанг бо нусхаи хаттии «Маҷмўаи ашъори шуарои мутақаддимин» ошно мешавад, кидар он намунаҳои ашъори 149 шоир, ки аксари онҳо номашҳуранд, дарҷ гардидааст. Қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар маҷмўаи мазкур 151 байти устод Абўабдулло Рўдакӣ низ сабт шудааст. Таҳқиқи муқоисавии А. Мухторов нишон медиҳад, ки 34 мисраи он «ашъори тозаи ў (Рўдакӣ – М.М.) будааст, ки то ин вақт дар ҳеҷ куҷо чоп нашудааст» (7, 87). Аз тарафи дигар дар матни аксари шеърҳои машҳури устод Рўдакӣ тафовутҳо ба назар мерасанд, ки барои ба вуҷуд овардани матни саҳеҳи илмиву интиқодии шоир ва ҳалли масъалаҳои норавшани аҳволу осори ў мадад мерасонанд.
Дар сафари дигари худ устод А. Мухторов дар Музеи миллии Деҳлӣ нусхаи хаттии «Девон»-и Мавлоно Аҳмади Хуҷандиро кашф менамояд, ки мунҳасирбафард буда, дар ҷои дигар ба назар намерасад (7, 129-139).

пешина
аз 625
навбатӣ