Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба андешаи Ҷалолиддини Ҳумоӣ вазни рубоӣ аз вазни ашъори тоисломии эронӣ маншаъ мегирад, «пас бояд решаи рубоӣ ва сойири мазоҳифоти ҳазаҷро дар лаҳни «Авромин» ва назоири он дар алҳону ашъори забони паҳлавӣ ҷустуҷў кунем, ки бисёре аз асрори миллияту адабиёти форсӣ дар ҳамин пардаҳо нуҳуфта аст»(саҳ. 158).
Мақолаи Муҳаммаризо Шафеии Кадканӣ «Рўдакӣ ва ихтирои рубоӣ»-ро метавон идомаи мақолаи мазкури Ҷалолиддини Ҳумоӣ донист. Зеро Шафеии Кадканӣ бо далелҳои тоза аз осори шоирони мутасаввифи асрҳои Х – Х1 решаи эронӣ доштани рубоиро тақвият дода, ба натиҷаҳои зерин мерасад : « 1. Рубоӣ навъе шеъри эронии холис буда, ки солҳо қабл аз таваллуди Рўдакӣ дар маҷомеи сўфия ба он самоъ мекардаанд.
Дар воқеъ рубоӣ навъи шеъри форсиву тоҷикист, ки дар адабиёти шифоҳии мардум ба вуҷуд омада, сипас ба адабиёти китобӣ ворид шудааст ва устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ дар ташаккул ва такомули он саҳми бузург гузоштааст.
«Достони «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ» -и Муҷтабо Минуӣ аз шарҳи ҷустуҷўйҳои дусолаи муаллиф барои пайдо кардани нусхаи хаттие, ки дар Олмон маҳфуз буда, гўё маснавии шоирро дар бар мегирифтааст, иборат аст. Муаллиф ба натиҷае мерасад, ки он нусха «на «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ, балки шарҳи абёту амсол ва аҳодиси арабӣ аст, ки дар «Калила ва Димна»-и форсии Насруллоҳи муншӣ ба онҳо истишҳод шудааст ва шореҳи ин абёт ва амсолу аҳодис Фазлуллоҳ ибни Усмон ибни Муҳаммад Исфароинӣ аст ва нусха дар ҷазираи Касифун аз ҷазоири дарёчаи Қубодобод китобат шудааст»(саҳ. 180). Вале профессори турк Закӣ Валидӣ бо мўҳтавои нусха ошно нашуда, «шарҳи абёти арабиии «Калилаи…» Баҳромшоҳиро тарҷумаи манзуми форсии «Калила ва Димна»-и тавассути Рўдакӣ пиндошта буда ва чунин навиштааст»(саҳ. 180).
Мақолаи дигари Муҷтабо Минуӣ, ки дар маҷмўа ҷой дода шудааст, «Барзуяи ҳаким ва Рўдакии шоир ва нашвунамои забони форсӣ» ном дошта, бо таъкиди бузургиву шаҳомати забони форсии дарӣ оғоз меёбад. Сипас муаллиф дар бораи пайдоиши забони форсӣ таваққуф намуда, менависад, ки «ин забони дарӣ махсуси пойтахт ва махсуси касоне буд, ки перомуни шоҳаншоҳ мезистанд ва бо корҳои давлатӣ марбут буданд ва навштаи худро барои мақомоти расмии давлатӣ ё барои умуми эрониён менавиштанд»(саҳ.

пешина
аз 625
навбатӣ