Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

211). Яъне ў забони дариро забони хоси дарбори Сосониён медонад.
Муҷтабо Минуӣ ҳам мисли баъзе эроншиносони аврупоӣ ба Хуросону Мовароуннаҳр омадани ин забонро ба ҳодисаи ҳамлаи арабҳо ва ночор Мадоинро тарк кардани охирин подшоҳи сосонӣ Яздигурд ва ҳамроҳи дарбориён ба Марв омадани ў вобаста менамояд ва таъкид мекунад, ки дар натиҷаи он «Марв маркази забони дарборӣ шуд»(саҳ. 211).
Мутаассифона, дар мақола барои исботи ин андеша ягон далел оварда нашудааст. Тавре ки маълум аст, забони расмии давлати Сосониён забони паҳлавӣ буд ва бо ин забон осори фаровоне ба ёдгор мондааст. Вале ба забони дарии дарбори Сосониён мо далеле дар даст надорем ва дар мақола ҳам ба он ишора нашудааст. Дигар ин ки забон падидаи иҷтимоӣ буда дар ҳолати табиӣ(на истисноӣ, ки дар натиҷаи тасаллути давлати аҷнабӣ ба вуҷуд меояд) наметавонад дарбор як забон дошта бошаду мардум забони дигар. Тавре ки дар мақолаи дигар тазаккур дода шудааст, аввалан тавассути як гурўҳ як забонро оварда дар сарзамине паҳн кардан боварибахш нест.
Сониян далелҳои зиёде дар сарчашмаҳои таърихӣ мавҷуданд, ки аз вуҷуди забони дарӣ дар Хуросон то омадани арабҳо гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, вақте ки лашкари арабҳо дар Хатлон шикаст хўрда, ба Балх меояд, мардум дар ҳаҷви онҳо ба форсии дарӣ шеър мегўянд, ки маъруф аст. Ё худ дар Бухоро мардум арабҳоро маҷбур менамоянд, ки Қуръонро ба забони онҳо, яъне забони порсии дарӣ тарҷума кунанд ва барои ба забони онҳо хондани намоз иҷозат диҳанд…
Дар мақола ҳамчунин масъалаи китобсўзии арабҳоро ба миён гузошта, муаллиф ин қазияро қатъиян рад мекунад ва онро афсона мешуморад. Ў ҳатто маълумоти сарчашмаи мўътабаре чун «Осорулбоқия»-и Абўрайҳони Беруниро, ки аз куштори донишмандони хоразмиву нобудсозии осори онҳо хабар медиҳад, рад менамояд. Гузашта аз ин ў иддао дорад, ки «дар Осиёи Марказӣ, чунонки дар Форс ва Эрон то замони Сосониён ҳеч китоби таърихӣ ба он маънӣ, ки аз ин калима мефаҳмем, вуҷуд надоштааст ва фақат ривоёти қавмӣ дар миёни мардум роиҷ будааст ва он ҳам баъд аз он ки мардум ба ислом гаравиданд, аҳамияти худро аз даст дод ва бе он ки фотеҳин ба тадобири шадид мутавассил шаванд, худ ба худ батадриҷ фаромўш шуд»(саҳ.213).

пешина
аз 625
навбатӣ